Мояи ифтихор ва сарфарозии зиёд аст, ки Ватани азизамон Тоҷикистон маҳз бо кушишу талошҳои фарзандони фарзонаи миллат ободу зебо гардида, ба яке аз кишварҳои сайру сайёҳат табдил ёфтааст. Дар воқеъ, манзараҳои дилфиреб, обҳои мусаффо, заминҳои ҳосилхез, мардуми меҳнатдӯсту меҳмоннавоз кайҳост, ки қалби дигар халқу миллатҳоро тасхирнамудааст. Ҳамин аст, ки аз давраҳои қадим шоҳону тоҷирон ва сайёҳону адибон баъд аз дидани ин ҳама зебоиҳо кишвари моро ҷойи зисту фаъолият интихоб менамоянд. Ҳамасола аз кишварҳои гуногун ба сарзамини офтобрӯяи мо садҳо ҳазор нафар сайёҳону меҳмонон ташриф оварда, бо таассуроти нек бармегарданд.

Ворух яке аз маконҳои зебои кишварамон ба ҳисоб рафта, чашмаву рӯду обҳои зулолу заминҳои ҳосилхезаш шуҳрати беандоза дорад. Мардуми Ворух аз азал мардуми худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарвар мебошанд. Ба обу хоку сарзамини аҷдодӣ арҷ мегузоранд. Ҷавонони саодаманди Ворух чун дигар ҷавонони меҳанпарасти кишвар сарҳади кишварро бо сарбаландӣ ҳифз намуда истодаанд. Дар ин мавзеъи кишварамон даҳҳо иншооти таиноташон гуногун аз ҷониби давлату ҳукумат ва соҳибкорони бонангу номус бунёд гардида истодаанд, ки боз ҳусни ин гӯшаи диёрамонро зебу зиннат мебахшанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки беш аз сад сол пеш гурӯҳе аз мардуми қирғиз ба заминҳои Ворух омада, дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр мекунанд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ нисбати ин масъала андешаҳои гуногун интишор шуда, боиси ба вуҷуд омадани нофаҳмиҳо гардида истодаас. Мутассифона баъзе аз афроди ноогоҳ ҷиҳати мансуб будани ин заминҳо ба Ҷумҳурии Қирғизистон суханронӣ намуда, факту далелҳои таърихиро таҳриф менамоянд. Аз ин гуна «бозиҳои сиёсӣ» гурӯҳи сеюм манфиати зиёд мебинад. Яқин аст, ки заминҳои Ворух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, аммо аз чӣ бошад, ки барои ҳалли ин масъала нофаҳмиҳо ба мушоҳида мерасанд.

Мо сокинони кишвар умед мебандем, киин масъала бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёбад.

 

                                               Беҳрӯз Тоҳирҷонов,

cардори Бахши кор бо лоиҳа ва гранти донишгоҳ