Имрӯз дар кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар, Умед Солеҳзода, комиссари ҳарбии вилоят, деканҳои факултетҳо ва хатмкунандагон баргузор гардид.

Нахуст Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оид ба меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан-Модар, тарғиби аҳамиятнокии хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баромад намуд.
“Барои худшиносию ҳувияти миллиро пайдо намудани ҷавонон ва насли наврас бояд ба таърихи ниёгони худ назар афканем, аз таҷрибаи бою ғании аҷдодони гузаштаи худ истифода барем. Ба олимону бузургон ва сиёсатмадорони гузаштаи худ пайравӣ кунем. Доимо ҳушёру зирак бошем, вақти худро беҳуда сарф накунем, барои аз худ намудани ҳунару касбҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, забонҳои гуногунро омӯзем, барои таълиму тарбияи худ масъулиятнок бошем, ба Ватану миллати худ хизмат намуданро аз хотир набарорем. Читавре ки, Пешвои миллат қайд мекунанд: «Ҷавонон дар ҷомеаи навини Тоҷикистон нерўи азиму тавоно ва навовару ташаббускоранд», – афзуд С. Давлатзода.
Ректори донишгоҳ ба хатмкунандагон баён доштанд, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби тарбия ва обу тоби бадан ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад. Ҷавонони муассисаи таълимиро мебояд аз ин далерию шуҷоат дарси ибрат гиранд, чунки суботу оромии кишвар ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ аз ҷавонони чолоку ҳушёр вобастагии зиёд дорад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиклоли мо бо ҷавонони боору номусаш ва бо далерони шуҷоаш беш аз пеш ободтару шукуфонтар мегардад.
Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар зимни вохӯрӣ қайд кард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ба шумор рафта, онҳо маҳз дар ин ҷо далеру шуҷоъ тарбия меёбанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд. Маврид ба зикри хос аст, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон мебошад.
Эмомалӣ Раҷабов, донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ, ки қарзи шарҳвандии худро адо кардааст донишҷӯёнро даъват ба амал овард, ки мо – ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда, кӯшиш мекунем дар раванди бунёди Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорем. Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Умед Солеҳзода, комиссари ҳарбии вилоят зимни суханронӣ оид ба мафҳумҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” оид ба уҳдадории ҳарбӣ, хизмати ҳарбӣ, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок, хизмати ҳарбии ихтиёрӣ фаҳмонида шуд.
Зимни суханронӣ зикр кард, ки мувофики қонуни мазкур мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, инчунин шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, уҳдадоранд доир ба тарбияи ҳарбию ватандӯстии шаҳрвандон мунтазам кор баранд.
Дар охир, ба Азизҷон Алибобоев, донишҷӯи факултети математика-информатика, Мусулмонқул Тураев, донишҷӯи факултети техникӣ ва технологӣ, Эмомалӣ Раҷабов, донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Муссалаҳ пайваста буданд пас аз адои хизмат барои идома додани таҳсил дар донишгоҳ иҷозат дода шуданд. Дар ин баробар аз ҷониби Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ба донишҷӯён бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, ба донишҷӯ Мусулмонқул Тураев, донишҷӯи факултети техникӣ ва технологӣ, ки аз шартнома қарздор буд аз номи ректори донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин маблағи шартномаи таҳсил тақдим гардид.