Пас аз пароканда шудани давлати Сомониён ба сари мардуми тоҷик қавму қабилаҳои гуногун ҳокимият намуданд. Маҳз бо шарофати бузургони давр забони тоҷикӣ аз сари чандин бархӯрдҳо убур карду хешро поянда нигаҳ дошт.

Забони тоҷикӣ, забони шево ва гӯёи аҷдодӣ буда, ба ин забон илмҳои дақиқ ва адабиёту фарҳанги ҷаҳоншумул эҷод гардидаанд, ки ба ин васила халқи тоҷик аз байн нарафт, баръакс, дар фарҳанги мо қавмҳои ҳоким омезиш ёфта, лафзи шаккарини дариро барои худ забони модарӣ интихоб намуданд. Беҳуда нест, ки забони тоҷикиро забони ширин, равон ва осон мепиндоранд.
Мо соҳибони забон вазифадорем, ки ин ёдгории азизи миллатро, ки сарчашмааш аз чандин наслҳои пеш об хӯрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина гаштааст поку беолоиш нигаҳ дорем. Забони адабии тоҷикӣ баъд аз ба даст овардани истиқлолият бо талош ва ҳақталабии оммаи васеи мардуми зиёии кишвар ба сифати забони расмии давлатӣ пазируфта шуд. Забони давлатӣ имрӯз ба забони муоширати миллатҳои гуногуни сокинони Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Шоистаи зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои таҳқиқи масъалаҳои забонро дар суханрониҳову асарҳояш ба таври ҳамаҷониба тарҳрезӣ намудааст. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззам аст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ, давлатӣ дар даврони истиқлолият ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоӣ имконоти фаровон дар асоси қолабҳои меъёрии суннатӣ ва равишҳои адабӣ дар ҷомеа ва ҷаҳон мақому мартаба пайдо намуд. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки аз замони зимоми давлатдориро ба даст гирифтани фарзонафарзанди тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон давлату миллат аз як вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин шахсияти порсо ба таври зарурӣ аз забони тоҷикӣ ҳимоят намуд.
Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони арсаи сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату муносибат дар тамоми соҳаҳои ҳаётӣ мавриди истифода қарор дорад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва донистани он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ нақши зарурӣ дорад. Мо, омӯзгорон низ кӯшиш дорем, ки шевоии забони тоҷикиро ба шогирдон омӯзиш дода, дар таҳкими пойдориву устувории забони давлатӣ саҳим бошему эҳтиромашро ба ҷо орем, зеро эҳтиром ба забон, эҳтиром ба миллат ва давлат аст.
Мусаллама ХИДИРОВА,
омӯзгори коллеҷи омӯзгории назди ДДБ ба номи Носири Хусрав