БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ТАТБИҚИ ЗАБОН ДАР ДОНИШГОҲ

Ҷаласаи Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси комиссия, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавсуф ҳангоми баромад қайд намуд, ки бояд дар шароити имрӯзаи бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо…

Муфассал

ЭҲЁ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Осори арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву таърихӣ, дар тарбияи худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим дорад. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба шинохти шахсиятҳои таърихию сиёсӣ бо номи “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои истиқлол”- муарифкунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар…

Муфассал

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР – ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Дар факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав ихтисоси химияи татбиқӣ амал мекунад, ки соли ҷорӣ аввалин хатмкунандагони ин ихтисос ба истеҳсолот сафарбар шуда, дар оянда дар рушди соҳаҳои кишвар саҳмгузор хоҳанд шуд. Бо дастгирии раёсати донишгоҳ имсол сохтмони иловагии озмоишгоҳ барои ҳамин ихтисос ба нақша гирифта шуда, айни замон ин сохтмон дар…

Муфассал

ХИРАД БЕҲТАР АЗ ЧАШМУ БИНОӢ АСТ

Бунёди ҳастии инсон ақлу хирад аст. Одамӣ ҳар қадар бо ақлу хирад мусаллаҳ гардад, ҳамон қадар муваффақу саодатманд хоҳад буд. Меҳвари фаъолияти кулли муассисаҳои таълимиро ақлу хирад ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни баргузории дарсҳо, махсусан, соатҳои тарбиявӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Муассисаҳои таълимии…

Муфассал

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “МЕХАНИЗМҲОИ ИДОРАКУНИИ АНДОЗ ДАР НИЗОМИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Дар толори кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ибтикори кафедраҳои андоз ва андозбании факултети менеҷмент ва низоми гумрук ва кафедраи молияи факултети иқтисодӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Механизмҳои идоракунии андоз дар низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардид, ки дар он Ҷурабой Собиров, муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия иштирок,…

Муфассал

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Ба тамоми аҳли ҷомеа маълум аст, ки вақтҳои охир хатари глобалии терроризм ва экстремизм ҳамаи аҳли башарро таҳдид карда истодааст. Муттаасифона ҳар қадар алайҳи терроризм ва экстремизм мубориза бештар шавад, ҳамон қадар ин ҷиноят рӯ ба афзоиш мениҳад. Вале дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сар задани чунин ҷиноятҳо сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои…

Муфассал

ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ИТТИФОҚИ КАСАБА МУАЙЯН ШУДАНД

Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озмуни гирандагони стипендияҳои номии Иттифоқи касаба баргузор гардида ғолибон муаян гардид. Дар асоси хулосагирии комиссияи босалоҳият барандагони стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Саддам Саидов, донишҷӯи курси чоруми факултети…

Муфассал

ОМӮЗИШ ВА ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Истифодаи технологияи иттилоотии комуникатсионӣ (ТИК) дар дарсҳои гуногун ва корҳои беруназсинфӣ имкон медиҳад, ки қобилияти донишҷӯёнро дар ҷараёнҳои иттилоотии ҷаҳонӣ дар мисоли азхуд кардани усулҳои амалии кор бо иттилоот имкон медиҳанд мубодилаи иттилоотро бо истифодаи воситаҳои муосири техникӣ омӯзанд. Истифодаи технологияи компютерӣ метавонанд онҳоро шавқовар, мулоҳизакор ва мобилӣ гардонанд. Донишҷӯён тафаккури визуалӣ-образнок доранд, аз ин…

Муфассал