Дар толори кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ибтикори кафедраҳои андоз ва андозбании факултети менеҷмент ва низоми гумрук ва кафедраи молияи факултети иқтисодӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Механизмҳои идоракунии андоз дар низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардид, ки дар он Ҷурабой Собиров, муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия иштирок, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар мизи мудаввар Бекмурод Наимзода, мудири кафедраи молияи факултети иқтисодӣ дар мавзӯи “Молия омоли муҳим ва таҳкимбахши иқтисоди миллӣ”, Равшан Юсупов, намояндаи КВД-и маркази дастгирии амалиётҳои молиявӣ байнибуҷетии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Хизматрасонии кортҳои пластикӣ дар муассисаҳои буҷетӣ”, Фарҳоди Қаҳор, омӯзгори кафедраи андоз ва андозбандии факултети менеҷмент ва низоми гумрук дар мавзӯи “Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Давлат Мадамонов, корманди Раёсати андоз дар вилояти Хатлон дар мавзӯи “Андозҳои маҳалӣ” ва Насриддин Садриддинов, профессори кафедари назарияи иқтисод оид ба мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода кардани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар баромад намуданд.