Дар факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав ихтисоси химияи татбиқӣ амал мекунад, ки соли ҷорӣ аввалин хатмкунандагони ин ихтисос ба истеҳсолот сафарбар шуда, дар оянда дар рушди соҳаҳои кишвар саҳмгузор хоҳанд шуд. Бо дастгирии раёсати донишгоҳ имсол сохтмони иловагии озмоишгоҳ барои ҳамин ихтисос ба нақша гирифта шуда, айни замон ин сохтмон дар арафаи анҷомёбист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, «саноатикунонии босуръати кишвар»- ро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд.
Бо мақсади татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи як қатор санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, аз қабили Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020, ки дар самти мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ, рушди савдо ва хизматрасонӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд.
Таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат, энергетика ва татбиқи як қатор барномаҳои давлатӣ мусоидат кардааст, ки дар вилоят нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳа сол аз сол афзоиш ёбад. Тадбирҳои дар ин самт андешидаи масъулин замина фароҳам овардааст, ки корхонаҳои саноатии вилоят якҷо бо бахши хусусӣ соли 2020 ба маблағи 8,8 млрд, сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намоянд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба 7 соли пешин дар ҳаҷми 5,7 млрд. сомонӣ ва ё наздики ду баробар зиёд мебошад.
Татбиқи саривақтии барномаҳои давлатӣ мусоидат кард, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (вилояти Хатлон) соли 2020 дар қиёс ба соли 2010 дар сатҳи 5,4 маротиба, аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3,7 баробар афзуда, тӯли ин муддат дар вилоят истеҳсоли якчанд номгӯи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили гӯшти мурғ, маҳсулоти гӯштӣ, маҳсулоти ширӣ, маҳсулоти макаронӣ, хиштҳои бинокорӣ, бетони сохтмонӣ, қубурҳои оҳану бетонӣ ва пластикӣ, тахтаҳои асбестӣ (шифер), гаҷкартон, амстронг (масолеҳи филизии сохтмонӣ), сангҳои ороишнамои бино, шишаи мулоим, халтаҳои пропиленӣ, маҳсулоти доруворӣ ва нафиси тиббӣ ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа ҳазорҳо нафар шаҳрвандон ва мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва номгӯи он сол аз сол зиёд шуда, аз 81 номгӯи соли 2013 дар соли 2020 ба 92 номгӯй расонида шудааст. Агар соли 2013 шумораи миёнаи солонаи кормандони истеҳсолоти саноатии вилоят ҳамагӣ 16,2 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас ин рақам дар соли 2020 ба 22,5 ҳазор нафар расонида шудааст.
Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат тайи ҳафт соли охир дар вилоят 19 корхона ва коргоҳи саноатӣ, аз қабили сементбарорӣ, шифербарорӣ, банду басти маҳсулот, истеҳсоли халтаҳои пропиленӣ, дӯзандагӣ, ресандагӣ, консервабарорӣ, равғанбарорӣ ва коркарди шир ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки дар амалигардонии сиёсати иқтисодии давлатӣ, бобати роҳандозӣ намудани корхонаҳои моли воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда аҳамияти минтақавӣ доранд.
Ҳамаи ин далелҳо гувоҳи онанд, ки рушди минбаъдаи иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва амалисозии лоиҳаҳои минтақавии нақлиётию коммуникатсионӣ ба Тоҷикистон имконияти табдилёбӣ ба кишвари пешсафи минтақа дар истеҳсол ва интиқоли неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, вусъатдиҳии транзитии кишвар фароҳам меорад, ки аз масъулин ва насли ояндаи вилоят тақозои ҳунаромӯзӣ ва тақвияти илми ба замона мутобиқро талаб менамояд.
Аз ин лиҳоз, масъулинро мебояд, ки дар раванди индустриаликунонии вилоят, бо мақсади татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалан ба рушди соҳибкории хурду миёна, бахусус дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва сипас дар маблағгузории иловагӣ барои дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, дастрасии соҳибкорони хурд ба қарзҳои бонкӣ бо фоизи муносиб ва назардошти баргардонидани қарз дар тӯли 3 сол (мунтазам) таваҷҷуҳ намоянд.
Н. ЗАРДОВ,
омӯзгори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии
Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав