Имрӯзҳо масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ва хуб парвариш намудани он яке аз масъалаҳои ҳалталаби мубрами рӯз ва замон аст.

 

Яке аз омилҳои он таъсир гирифтан дар муҳити оилавӣ аз муноқишаҳои волидайн ва аз тарбия дур мондани онҳо мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои босавод намудани насли наврас имконият ва шароити мусоидро фароҳам овардааст. Барои маърифатнок ва аз мероси ѓании аҷдоду гузаштагон донистан озмуни «Фурӯѓи субҳи доноӣ китоб аст» ва барои омӯзиши ҳамаҷонибаи рушди илмҳои дақиқ ва техника технология озмуни «Илм – фурӯѓи маърифат» ташкил карда шудааст.

 

Президенти мамлакат дар бисёр суханрониаш қайд менамояд, ки «Мо бояд амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни некию бадии инсон, асосан дар он ибтидо мегиранд. Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос намоянд». Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки волидонро зарур аст, нагузоранд вақти фарзондонашон бесамар гузарад, зеро бе шуѓл ва беназарот мондан оқибати

нек надорад.

 

Ҳуснидин ЧОРИЕВ,

донишҷӯи курси сеюми

факултети химия ва биология