Пайдост, ки сайру саёҳат ба кас солимиву бардамӣ, ҳаловату нерумандӣ бахшида, дар муаррифӣ ва шинохти фарҳанги миллӣ нақши бузурге дорад.

 

Имрӯз дар ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Бо дарки мавқеи ин соҳа, дар иқтисоди миллии мо рушди сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудааст. Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон эълон намудааст. Тоҷикистон дорои мероси ѓании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мавқеи хоса дорад.

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд, ки «Сайёҳӣ – яке аз соҳаҳои муҳими ба шуѓл фарогирифтаи аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониҳои истеҳсолӣ, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад». Дар робита ба ин метавон гуфт, ки яке аз бартариятҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон – ин табиати хосcаи табиӣ аст, ки дар он унсурҳои сунъӣ дида намешавад.

 

Хайрулло САЪДУЛЛОЕВ,

донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси рӯзноманигорӣ