Ватан, эй зодгоҳи ман

Ватан, Эй ошёни ман,

Муқаддас, эй макони бехазони ман,

Туро амсоли бахти хеш медонам,

Зи ҳар ҷо беш медонам,

Ки номи арҷмандатро, ба дил дар печ медонам.

Ватан, Эй зодгоҳи ман,

Ки ҳар як қатра хокатро чу зар донам,

Саросар обҳои софу покатро чу фарр донам.

Ба ҳар ҷое, ки хоҳам рафт, ба ёди ту нафас дорам,

Ба ҳар ҷое қафас дорам, ба ёди ту ҳавас дорам.

Ватан, Эй зодгоҳи ман,

Ки ҳастиям, ба ҳастии ту мебинам,

Ки зебу зиннати дунё, ба сангу хоки ту бинам.

Ватан, эй зодгоҳи ман, Ватан, эй ошёни ман.

 

Зуҳал ДЖЕЛИЕВА,

донишҷӯи курси  якуми факултети забон ва адабиёти рус