Маҳфили илмии «Гумрукчиёни ҷавон» дар назди кафедраи фаъолияти гумрукӣ факултети менеҷмент ва низоми гумрук баргузор гардид, ки дар маҳфил аъзонён ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Аслиддин Исоев, роҳбари маҳфили «Гумрукчиёни ҷавон» иштирокчиёни маҳфилро хушомадед намуд маҳфили мазкуро кушода эълон намуд.
Дар маҳфили мазкур Дилноза Пирова, донишҷӯи курси якум дар мавзӯи «Таърихи фаъолияти гумруки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», С. Қурбонов, донишҷӯи курси дуюм дар мавзӯи “Тартиби ҳисоб кардани пардохтҳои гумрукӣ” ва Суҳроб Нурматзода, донишҷӯи соли сеюми ҳамин факултет дар мавзӯи “Самтҳои асосии пешравии илму техника дар соҳаи фаъолияти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Маърӯзаҳои пешниҳодшуда бо презентатсия пешкаши иштирокдорон гардид.
Ҳамин тариқ, аз ҷониби аъзоёни маҳфил бо саволу ҷавоб маҳфили «Гумрукчиёни ҷавон»-ро хусни дигар бахшид.
Дар охир аз ҷониби декани факултет Хурсанд Ҳамдамзода ба Суҳроб Нурматзода, донишҷӯи соли сеюм дар ҳаҷми 1000 сомонӣ мукофот дода шуд. Ҳамчунин, бо ифтихорнома Дилноза Пирова ва С. Қурбонов қадр карда шуданд. Дар баробари ин ба омӯзгорон Аслиддин Исоев, Б. Имомализода, З. Давлатов бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.