Ғалаба! Чи истилоҳи азизу пурқимат аст. Иди зафаре, ки имрӯзҳо 76-умин солгарди он қайд карда мешавад, бар ивази ҷони 26 млн шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини ғалаба ба «фашизми гитлерӣ» ҷоннисориҳо намудаанд.

Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир зиёда аз 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудаанд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардидаанд. Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 млн шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Мо, насли ҷавони кишвар ба шуҷоату қаҳрамонии падарону бобоёнамон, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ҷони худро дареғ надоштаанд, сари таъзим фуруд меорем.

Қаҳрамонии Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наслҳои оянда боиси ибрат ва ифтихор хоҳад буд. Мо, насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ кушиш ба харҷ медиҳем, ки нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намоем.

Далер СУЛТОНОВ,

донишҷӯи курси аввали факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ихтисоси танзими ҳуқуқи соҳаҳои идораи давлатӣ