Имрӯз 8-уми майи соли 2021 дар толори  Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 9-уми май – Рӯзи Ғалаба чорабинии бошукуҳ баргузор гардид, ки дар он Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбия, Маҳмадкарим Шарипов, раиси Кумитаи мутаҳидаи итифоқҳои касабаи донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштан.

Дар ибтидо Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим бахшида ба 9-уми май – Рӯзи Ғалаба аз номи Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ҳамагонро таҳният гуфт. Ӯ қайд намуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои муҳим қарор дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён, низ азиз ва гиромӣ аст. Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва руҳи шикастнопазири халқҳои мост.

Пас аз он Давлаталӣ Алимов, мудири кафедраи таърихи умумии донишгоҳ, дар мавзӯи “Тоҷикистон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ баромад намуд.

Сипас баҳри болидагии иштирокчиён барномаи фарҳангии донишҷӯёни факултети забон ва адабиёсти руси ДДБ ба номи Носири Хусрав пешкаши ҳозирин гардид.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ