Оғози ин ҷанги хонумонсӯз кори Гитлер бо сарварии Геббелс буд. Вақте ки Гитлер дар ҷамъомади ҳизбҳои ростгиро ширкат меварзид, ба консепсия «Пангерманизм» (бартарии нажоди олмон) ошно шуда, тарафдори ашшадии он мегардад. Ӯро ба артиши Австрия намепазиранд, ба Олмон омада, шомили артиши Олмон мегардад. Соли 1923 кӯшиши табадуллот карда, кораш омад намекунад ва 5 сол ба зиндон маҳкум шуд. Баъди аз зиндон баромадан муборизаи сиёсиашро идома дод.

Соли 1934 Гитлер президент, садри аъзам ва сарфармондеҳи олии Олмон гардид, барномаи амалкардӣ дошт, ки он аз 2 қисм иборат меёфт: торумори душманони дохилӣ ва фатҳи ҷаҳон. Бо ин мақсад Гитлер даҳшатноктарин ҷангро дар таърихи башарият роҳандозӣ кард. Фюрер тавонист душманони дохилааш-комунистон, сотсиал демократҳо ва ғайраро торумор намояд, аммо дар фатҳи ҷаҳон ноком гардид. Баъди шикаст дар ҷанг Гитлер маргро бар асорат авло дониста, моҳи майи соли 1945 худкушӣ кард. Ин ҷангро Гитлери хунхор бо гумоштагони худ ба сари халқи немис ва дигар халқҳои дунё бор намуда буданд. Фашистон дар мулкҳои ишғолкардаи худ режими ниҳоят сахт ва террор ҷорӣ намуда, ният доштанд, ки соли 1942 масъалаи тамоман решакан намудани яҳудиёнро ҳал кунанд. Ба ин мақсад конслагерҳои зиёд таъсис доданд.

Чунин рафтори ваҳшиёна боиси дар тамоми қаламрави Империяи Германия авҷ гирифтани ҳаракатҳои муқовимат гардид. 20 июни соли 1944 дар Германия муқобилони Гитлер шӯриш бардоштанд, вале пас аз суйиқасд вай зинда монд ва дар муддати як моҳ бештар аз 4000 афсар ба қатл расонида шуд. Дар байни онҳо генерал-полковник Людвик Бек, полковник Штауфенберг ва обер- бургомистери Лейпсиг Карл Герделеро номбар карда мумкин аст. Баъди ин кирдори Гитлер халқи немис дар пеши дигар халқҳо худро гунаҳкор ҳисоб мекунанд ва то илоҷ аст дар риштаи сиёсат ҳарф намезананд. Имрӯз муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон рушд кардааст. Дӯстии халқи тоҷик ва немис сол то сол хело мустаҳкам шудааст.

Мардуми тоҷик мисли дигар халқҳо ба фашизми Гитлерӣ нафрат доранд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз даҳҳо ҳазор шаҳрвандони мо ихтиёрӣ бар муқобили фашизм бархостанд. Ҳазорҳо нафар барои ғалаба ҷони худро нисор карданд. Халқи Тоҷикистон ба хотири ҳалокшудагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва онҳое, ки зинда баргаштаанд, дар қайди ҳаёт ҳастанд, барои далерию шуҷоат ва қаҳрамониашон дар торумори фашизм сари таъзим фуруд меоранд.

Р. БАРФАКОВ,

саромӯзгори кафедраи назарияи иқтисод