Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори 76 – солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм

Устодону донишҷӯёни гиромиқадр, ҳамкасбони азиз!

Имсол аз анҷоми набардҳои шадиду хунин ва фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳафтоду шаш сол сипарӣ мешавад, ки ғалаба бар фашизм марҳалаи асосиву ҳалкунандаи он буд. Бо гузашти солҳо ҳар қадар, ки мо аз он воқеаҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ дуртар шавем, таассуротамон дар бораи он ҳамон қадар пурратару комилтар мегардад, вале руйдоди хеле муҳим, ки арзиши бениҳоят баланд дорад, ин Рӯзи ғалаба бар фашизм аст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, «Бо гузашти солҳо, хусусан, дар шароити торафт авҷ гирифтани нооромиву бесуботӣ дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни сайёра аҳаммияту арзиши санаи таърихии Рӯзи Ғалаба дар байни мардуми олам меафзояд». Боиси хурсандист, ки дар қатори тамоми мардуми сулҳхоҳи олам сокинони Тоҷикистон низ солгарди ин санаи таърихиро ботантана ҷашн мегиранду аз қурбониён нек ёдовар мешаванд.

Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро дар он солҳо фашизм ба озодиву истиқлолияти тамоми давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатару таҳдиди ҷиддӣ ба миён гузошта буд. Солҳо мегузаранд, сохти ҷамъиятӣ тағйир меёбанд, бархе аз давлатҳои том барҳам мехӯранду ба ҷои онҳо давлатҳои дигари мустақил дар харитаиҷаҳон арзи ҳастӣ мекунанд. Аммо аҳамияти оламшумули Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ҳаргиз кам намегардад, балки дар радифи ҳодисаҳои имрӯза муҳим будани Ғалаба аз ҳар вақти дигар дида, бештар бузургтару шукӯҳмандтар мегардад. Маҳз тавассути муборизаи муштараки халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд.

Боиси таассуф аст, ки ғалаба бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони миллати тоҷик ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омад. Ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, таърихи башар ёд надорад. Маҳз ба ҳамин хотир мардуми кишварҳои гуногуни дунё ҳар сол рӯзи нуҳуми майро ҳамчун санаи бузургдошти корномаи мардони далеру шуҷоъ, корномаи падарону бобоён таҷлил мекунанд. Он Рӯзи ғалаба на танҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои насли наврас ва ҷавони имрӯза низ бояд гиромӣ бошад, зеро он нишонаи баланди ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

Боиси сарбаландӣ ва ифтихори миллати тоҷик аст, ки паҳлу ба паҳлуи намояндагони халқҳои дигар садҳо ҳазор нафар фиристодагони ҳалқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон низ дар таъмин намудани ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд. Мардуми Тоҷикистон номи шаҳидон, мардони шуҷои Ватан ва қаҳрамонию далерии онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили ҷашни ғалаба афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшудаи халқамонро ёдоварӣ намуда, номи неки ҷавонмардони бошарафи худро гиромӣ медоранд. Ҳукумати мамлакат, махсусан, Пешвои муаззами миллат дар навбати худ, пайваста доир ба нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо чораҷӯӣ менамояд.

Вобаста ба ин Пешвои миллат хуб дарк кардаанд, ки пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон ҷонбозиву фидокориҳо кардаанд, вазифаи инсонии мо ва ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Мо бояд бо дарки масъулияти баланд эҳсос намоем, ки дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони ноороми имрӯза, ки ҷуғрофияи таҳдиду хатарҳои муосир рӯз то рӯз вусъат пайдо карда истодааст, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ, равобити неку созандаи халқу миллатҳои олам ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан дар ҷодаи мубориза бар зидди таҳдидҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, миллатгароиву нажодпарастӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ кори ниҳоят муҳим мебошад.

Тавре ҳамагон тавассути воситаҳои ахбори умум огоҳем, инсоният имрӯз бо вабои дигари асри нав —экстремизму терроризм рӯ ба рӯ омадааст ва мубориза ба муқобили чунин хатарҳои муосир муносибати бисёр ҷиддиву масъулона, талоши дастҷамъона ва тадбирҳои ҳамоҳангшудаи ҳар фарди ҷомеаро талаб мекунад. Тоҷикистон дар солҳои 90 – уми асри гузашта бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбон шудани даҳҳо ҳазор нафар одамони бегуноҳ гардида, хисороти моддии он маблағи зиёдро ташкил кард. Бинобар ин, халқи тоҷик ба қадри сулҳу оромӣ ва суботи сартосарӣ бештар мерасад, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳои зиндагӣ азиз мешуморад ва барои ҳифзу пойдорӣ ва оромии Ватан саъю талош мекунад.

Сабақҳои сахту сангини мубориза бо фашизм ва пирӯзӣ бар он тамоми мардуми сайёраро ҳушдор медиҳад, ки дӯстиву ҳамкорӣ ва таҳкими равобити неку созандаи халқу давлатҳо омили асосии сулҳу субот дар сайёра ва шарти муҳимтарини таъмин кардани рӯзгори орому осуда барои аҳли башар мебошад. Ҳеч гоҳ бояд фаромуш насозем, ки мо мардуми кишвар метавонам танҳо бо саъю талоши муштарак бар зидди нерӯҳои харобиовару бадхоҳ истодагарӣ намуда, ба рӯзҳои нек бирасем.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар заминаи роҳи пурифтихори тайкарда ва таҷрибаи зиндагии падарон, барои боз ҳам устувор гардонидани аркони давлатдории навинамон, густариши илму фарҳанг, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии наврасону ҷавонон ҳарчи бештар кушиш намоем.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми падарон, собиқадорони ҷангу меҳнатро ба ифтихори Рӯзи ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳамагон хонаи обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату амнияти пойдорро орзу менамоям.