Субҳи 22-июни соли 1941 Германияи фашистӣ бо қувваи зиёди ҳарбӣ 5,5 миллион аскар, иборат аз 190 дивизия ба СССР ҳуҷум кард. Гитлерчиён зиёда аз 3000 км сарҳадро вайрон карда, ба хоки СССР зада даромаданд. Гитлерчиён боварии комил доштанд, ки дар муддати 2 моҳ қӯшунҳои шӯравиро пароканда мекунанд. Бар зидди фашизм ҳамаи халқҳои ИҶШС ва Артиши Сурх аз дақиқаҳои аввал ба ҷанги тан ба тан бархостанд. Аз рӯзҳои аввали ҷанг Н. И. Мирзоев дар Украинаи Ғарбӣ; Эргаш Саидов, Э. Рузиев, М. Олимҷонов дар Белорус; Мухтор Ёров дар Наздибалтика; Бобиев Мирзоалӣ дар Қрим меҷангиданд.

Муҳорибаи Сталинград машҳуртарин набарди солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Фиристодагони Тоҷикистон дар тамоми давраи ин набард иштирок кардаанд. Аз моҳи ноябри соли 1941 то октябри соли 1942 аз гурӯснагӣ қариб 642 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Ленинград фавтидаанд. Аз моҳи ноябри соли 1941 дар рӯи яхи кӯли Лодога роҳи автомобилгард сохта шуд, ки «Роҳи ҳаёт» ном гирифта, шаҳри Лелинградро бо мамлакат мепайваст. Ба воситаи ин роҳ зиёда аз 550 ҳазор нафар аз муҳосира бароварда шуда, 361 ҳазор тонна бор кашонида шуд. Тоҷикистон ба гурӯснагони Ленинград ёрии калони пулӣ ва хӯрока фиристод.

Қурбон ҚИЁМОВ,

донишҷӯи курси аввали ихтисоси рӯзноманигорӣ