Мувофиқи маълумотҳои сарчашмаҳои таърихӣ ҳанӯз ним аср пеш аз ривоҷ, ёфтани шабакаи интернет дар Ғарб онро дар СССР сохта буданд. Имрӯз талқин мешавад, ки шабакаи интернет аз дастовардҳои пешрафти илму техника дар кишварҳои ғарбӣ аст, аммо шиносоӣ ба таърихи рушди воситаҳои иттилооти рақамӣ нишон медиҳад, ки аввалин ихтирооти ин соҳа маҳсули заҳмати олимони Иттиҳоди Шӯравӣ будааст.

 

Манбаъҳои хабарии охирини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико навиштаанд, ки ҳанӯз ним аср пеш нашрияи бонуфузи америкоӣ «The Washington Post» сармақолаеро таҳти унвони воҳиманоки «Интиқолдиҳандаи рамзии маълумоти рақамӣ Кремлро назорат мекунад», ба нашр расонда буд. Ҳадафи мақола ин буд, ки фаъолияти илмии шахсияти донишманди шӯравӣ, академик Виктор Глушков, ки дар соли 1961 як модели ҳамсон ба «ҳукумати электронӣ»-и имрӯзаро сохта, барои амалӣ карданаш талош мекард, бадном созад.

 

Мегӯянд, нашри ин мақола Никита Хрушёв раҳбари ҳамонвақтаи ҳизби коммунист ва давлати Шӯравиро ба воҳима андохт, зеро нависандаи матлаб чунон тавзеҳ медод, ки пас аз истифода шудани ин ихтироъ тамоми системаи раҳбарӣ дар Кремл таҳти назорати як маркази фаннӣ қарор мегирад, Идораи давлат ба тадриҷ ба дасти роботҳо мегузарад…

 

Бо дастури роҳбари давлати Шӯравӣ идомаи кори Глушков манъ шуд. Раҳбарон ва ниҳодҳои давлат дарк накарданд, ки мақсад аз нашри чунин як мақола ҳамин буд, то ба пешрафти ин соҳа монеагӣ расонанд. Разведкаи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ фаҳмида буданд, ки маҳз Глушков бори аввал дар илми ҷаҳонӣ МЭҲ (ЭВМ)-ро бо номи «Мошин барои ҳисоби муҳандисӣ» сохта буд. Бар асоси иттилооти ҷамъ ва фиристодашуда аз сӯи шабакаҳои дар бораи Глушков ва аҳамияти ихтирои вай мақомоти америкоӣ донишмандро барои ташкилу баргузор кардани курси таълимӣ ба ин кишвар даъват намуда, ваъда доданд, ки бар ивази 12 маърӯза дар ин мавзӯъ ба вай як миллион доллар ҳақ медиҳанд, аммо олим ин пешниҳодро қатъиян рад кард. Дар пайи ин ду бор ӯ мавриди сӯиқасд қарор гирифт, ки маълум нест, чӣ касе ташкил карда буд.

 

Чунин ҳисобгирӣ шудааст, ки барои сохта ва ба истифода додани интернет он солҳо аз буҷҷаи давлат 20 миллиард рубл ҷудо шуда буд. Таваҷҷуҳ кунед, дар ҳамон замон як доллар танҳо 60 тин ё копейк қурб дошт!

 

Дар соли 1967 дар як намоишгоҳи байналмилалӣ дар Лондон Иттиҳоди Шӯравӣ таҷҳизотеро ба намоиш гузошт, ки такмилшудаи мошини ҳисоббарории муҳандисӣ буд. Дар он тамоми усули кори компютерҳои шахсии имрӯза истифода мешуд. Дар ҳамон намоишгоҳ ин техникаро намояндагони ширкати IВМ хариданд. То ба ҳол маълум нест, ки мақомоти давлат чӣ тавр иҷозати ба хориҷа бурдани ин дастоварди пешрафтаи илмиро дода, бар иловаи он барои фурӯхтанаш розӣ шуданд.

 

Ин дастоварди он солҳо беназир дар ихтиёри ширкати америкоӣ қарор гирифту бар ивази он ба Глушков сертификати байналмилалӣ доданд, ки ӯ созандаи аввалин компютери шахсӣ дар ҷаҳон аст. Мутахассисони америкоӣ бо дастрасӣ ба навтарин бозёфти илмии донишмандони шӯравӣ ба зудӣ ҳамсони онро ба шакли васеътар такмилу муҷаҳҳаз сохтанд.

 

Аммо дар пайи он Глушков пайи ҳам ба мушкилиҳо дучор шудан гирифт. Олим дар ёддоштҳояш навиштааст, ки соли 1970 замоне аз Монреал (Канада) ба Москва бармегашт, пилоти ботаҷриба дар тарзи кори мотори ҳавопаймо халале ҳис карда, онро аз ними роҳ ба ақиб гардонд. Пас аз бозгашт далели халал ёфтани кори моторро ташхис карда маълум намудаанд, ки дар сӯзишвории ҳавопаймо касе барқасдона чизе рехтааст, то он дар роҳ ба фалокат дучор ояд.

 

Бори дигар вақти сафар ба Югославия ба мошине, ки Глушков дар он мерафт, як мошини боркаш бархӯрд. Таҳқиқи ин ҳодиса акнун сар мешуд, ки ронандаи мошинро рӯзи дигар мурда пайдо карданд. Маҷаллаи «Известия»-и ҳамон замона низ уро зери танқид гирифт. Аммо ба ақидаи олим, ин ҳама фақат оғози ноомадиҳо дар зиндагиаш будааст. Дар рӯзномаи он солҳо бонуфузи «Известия» мақолае зери номи «Уроки электронного бума» («Сабабҳои равнақи электронӣ») чоп шуд. Дар он хабар дода мешуд, ки кори сохтани компютерҳои шахсӣ дар Америка бе маъно эътироф шудааст, чунки хароҷоти зиёде талаб мекунад барои оянда ҳам натиҷаи ин кор чандон муассир нест.

 

Дар баъзе аз гузоришҳое, ки ба КМ ҳизби коммунист аз сӯи иқтисоддонҳои аз сафари Амрико баргашта фиристода шудаанд, истифодаи техникаи ҳисоббарор барои идораи соҳаи иқтисод монанд ба як мӯди бемаъно дониста мешуд. Глушков дар ин робита гуфтааст, ки ин нафарон, ки маълум набуд, чӣ дастуреро иҷро мекунанд ва бар ивазаш чӣ мегиранд, қатьиян зидди рушди соҳаи электроника буданд ва хариди мошинҳои электронӣ – компютерҳоро аз рӯи мӯд ва амали беҳуда маънидод мекарданд. Ба гуфтаи олим, нашри чунин мақолаҳо ва гузоришҳои мухолифон боис шуд, ки раҳбарияти онвақта аз ин кор бардошти манфӣ дошта бошанд ва ба рушди соҳа мухолифат нишон диҳанд.

 

Ин чиз боис гардид, ки давлат аз сармоягузорӣ барои иҷрои лоиҳаи садҳо системаи иттилоотии мошинҳои ҳисоби муҳандисӣ даст кашад. Ҳол он ки кор болои ин лоиҳаҳо дар марҳалаи анҷом буд. Мутобиқи нақшае, ки Глушков дошт, истифодаи васеъ аз ин ихтироот дар ояндаи наздик дар кори автоматӣ кардани идораҳои давлат дар бахши роҳбарӣ ба иқтисод истифода кардан самаранок буд. Ба гуфтаи олим, дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ аллакай барномаи ягонаи системаи марказҳои ҳисоббарорӣ барои коркарди иттилооти иқтисодӣ сохта шуда буд. Шабакаи давлатие, ки ин ҳамаро муттаҳид мекард, қариб 100 марказро дар шаҳр ва ноҳияҳои бузурги саноатӣ дар бар мегирифт.

 

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар Душанбе бинои ин марказ дар гардиши фурудгоҳ дар буриши кӯчаи А. Чехов (ҳоло кӯчаи Нисор Муҳаммад) хиёбони Дӯстии Халқҳо (дар паҳлуи калисои русҳо) сохта шуда, чандин сол фаъолияти босамар мекард. Ихтироъкори ин шабака, академик Глушков муътақид буд, ки агар он вақт як ду соли дигар халал намерасонданд, СССР аввалин шуда дар ҷаҳон ба ирсоли номаҳои электронӣ ва банақшагирии электронии иқтисод мегузашт.

 

Намунаи Интернет дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар тирамоҳи соли 1963 омода шуда буд, аммо дар Кремл раҳбарият иваз шуд ва барои раҳбари нав Леонид Брежнев дастовардҳои ин соҳа чандон қобили таваҷҷуҳ набуд. Сар аз соли 1964 олимони иқтисодшиноси Шӯравӣ ошкоро ба муқобили Глушков ва барномаҳои дар ҳоли нимаиҷрояш баромад карданд. Худи олим ба ёд меорад, ки дере нагузашта пас аз саркӯб гардидани барномаҳояш аксари мухолифонаш СССР-ро тарк карда, ба Амрико ва Исроил кӯчиданд.

 

Ба навиштаи олим, барои тарроҳӣ ва иҷро шудани ин лоиҳа 20 миллиард рубл харҷ мешуд, вале пас аз мавриди истифода қарор гирифтан ба зудӣ ин хароҷотро мепӯшонд. Ба ҳисоби онҳо, бо гузашти панҷ сол аз амалӣ шудан, ин тарҳ ба буҷҷаи давлат на камтар аз 100 миллиард рубл фоида меовард. Аммо иқтисоддонҳои хоин мақомоти давлатро аз роҳ заданд, коре карданд, ки Николай Косигин – Раиси Шӯрои Вазирони СССР-ро ба иштибоҳ андохтанд ва ӯ монеи идомаи амалӣ намудани ин барнома шуд. Зеро, ихтирооти Глушков Ғарбро зери шубҳа мегузорад, ки дар он ҷо ба хубӣ дарк мекунанд, ки татбиқи чунин система метавонад иқтисоди муосир ва самаранокро рушд диҳад. Глушков, ки як қадам дуртар аз таъсиси шабакаи умумиҷаҳонӣ буд, аз ҷониби мақомоти давлатӣ мавриди интиқод қарор гирифт, ба ҳама гуна ҳамлаҳо дучор шуд, ки ҳадафи он андешаашро то ҳадди имкон андохтан ва пешгирӣ аз татбиқи он буд. Барои расонидани ғояи худ дар бораи иттилоотонӣ ва компютерикунонии кишвар ба Глушков 20 соли якравии дароз лозим шуд.

 

Амрикоиҳо бо пешгирӣ аз иҷрои ин барнома дар Иттиҳоди Шӯравӣ худ вақтро беҳуда нагузаронданд. Дар миёнаҳои соли 1964 олим Ҷозеф Ликлайдер, мутахассиси соҳаи технологияи иттилоотӣ, бори нахуст идеяи таъсиси шабакаи густурдаи компютериро пешниҳод кард. Ин нахустин иқдом барои ташкили интернети имрӯза системаи АRРАNЕТ дониста мешавад. Идеяи Глушковро ҳамон замон фақат маршал Устинов ҳимоят кард. Агарчӣ ба ин монанд пешниҳод чандин сол пеш аз ӯ аз сӯи Глушков ва ёронаш шуда буд, аммо мақомоти тасмимгирандаи Шӯравӣ аз танқидҳои мухолифони донишманди рус дар Москва ва Киев ба хато роҳ дода, монеи пешрафти кораш шуданд. Ин олими Шуравӣ дар ёддоштҳояш навиштааст: «Пас аз он, ки иҷрои барномаҳои илмии ӯ қатъ шуд, бисёре аз мухолифонаш ба хориҷа фирор карданд ва баъдан ба дастаи ҳамон донишманди амрикоӣ ҳамроҳ шуданд». Тарҳи шабакаи иттилоотии худро Глушков ҳанӯз дар феврали соли 1964 чанд моҳ пеш аз он, ки идеяи барномаи Ликлайдер дар Америка эълон шуд, пешниҳод карда буд. Он вақт дар Иттиҳоди Шӯравӣ қариб 20 ҳазор навъи маҳсулот истеҳсол мешуд, аммо иқтисоди нақшавӣ, ки буд, бинобар сари вақт нарасидани маълумоти лозим ин ҷо ва он ҷо зуд зуд камбудии ин ё он навъи маҳсулот ба мушоҳида мерасид. «Дар сурати мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтани МЭҲ (ЭВМ), системаи мутамаркази мудирият, ки дар СССР истифода мешуд, ба сатҳи нав мебаромад ва имкони хубе барои пешгирӣ аз ҳар гуна ноҳинҷориҳои иқтисодию истеҳсолӣ дар ихтиёри давлат қарор мегирифт, ки инро душманони давлат дар хориҷ ва дар дохил намехостанд», тавзеҳ медиҳад духтари академик Вера Глушкова, корманди калони Институти кибернетикаи АМИ Украина.

 

Ба гуфтаи ӯ, пойгоҳи маълумоти бонкҳо, кор бо кортҳои муштариён, ки имрӯз ҷорӣ шудааст, пораҳое аз он ихтирооти ҳамонвақтаи падараш буда, ки он замон рад мешуд.

 

Ҳанӯз он солҳо вай тағйири ситемаи бонкӣ, ҳисобдорӣ, аз ҷумла ғайринақдӣ пардохт кардани маош, такмили соҳаи иқтисод, нақлиёт ва артишро ҳам пешниҳод карда буд. Истифодаи ин система дар тамоми соҳаҳо имкон медод, ки аз тариқи ҷамъоварии саривақтии иттилоот, вазъият дар хоҷагии халқ зуд маълум ва барои ислоҳи камбудиҳо варианти беҳтари рушди соҳа интихоб шавад.

 

Духтари олим инчунин ба ёд меорад, ки падараш доим зери назорати дақиқи Ғарб буд ва камтарин пешрафташ дар систёмаи автоматӣ кардани мудирияти иқтисоди кишвар боиси ташвиш ва нороҳатии мухолифонаш мешуд. Дарҳол рӯзномаҳои ғарбӣ пайи ҳам мақолаҳои манфӣ чоп мекарданд. Мақомот бар асоси мақолаҳои матбуоти хориҷӣ ҳатто боре фаъолияти ӯро таҳдиде ба амнияти кишвар донистанд. Аммо дар ҳамин лаҳзаи ҳассос вазири мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ Димитрий Устинов аз кори академик ҳимоят кард: Ӯ барои истифодаи системаи назорати автоматӣ дар корхонаҳои ин соҳа иҷозат дод. Ин иқдом ба олим рӯҳи тоза бахшид, зеро бахше аз корҳояш, ки дар амал истифода мешуд, натиҷаи мусбат медод.

 

Дар ҳолномаи Глушков омадааст, ки ӯ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, яке аз баландтарин мукофотҳои Шӯравӣ, вакили Шӯрои Олии Итиҳоди Шӯравӣ, узви КМ ҳизби коммунисти Украина ва муддати 20 сол ноиби президенти АИ Украина буд, аммо бо вуҷуди ин ҳама ҷойгоҳ ва мақоми баланд то ба охир натавонистааст, ихтирои асосии худро ба таври пурра амалӣ кунад. Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки пешрафти соҳаи низомии Русияи имрӯз ба ҳамон заминаҳои илмии ихтирооти ин олиму ҳаммаслаконаш рабт мегирад. Зеро ин кишвар ба унвони вориси Иттиҳоди Шӯравӣ пойгоҳи илмии соҳаро ҳифз карда, бо истифода аз он барномаҳои тозаеро бо таваҷҷуҳ ба заруратҳои вақт таҳия ва ба иҷро мерасонад.

 

ИХТИРОЪ

12 августи соли 2016 дар маҷаллаи «Минбари халқ» мақолае чоп шуд, ки муҳаққиқони рус эълон намуданд, ки пас аз якуним сол компютери «дорои эҳсос»-ро муаррифӣ мекунанд, ки метавонад монанди инсон «фикр» кунад. Устодони Донишгоҳи давлатии таҳқиқоти ҳастаии Маскав мегӯянд, ки компютери ҷадид тавассути барномаҳои махсус метавонад ба инсон «фикрашро иброз намуда, ба ӯ гуфтугӯ кунад, ба чизе эътимод ё баръакс, онро инъкор намояд».

 

Ба гуфтаи пажӯҳишгарони рус, ҳоло дараҷаи дарки чунин дастгоҳҳро муайян кардан мушкил аст ва он аз тавоноии система – барномаҳои компютерӣ вобаста аст. Ҳоло рӯйи он корҳои таҳқиқотӣ идома доранд. Дар назар аст, ки ин компютерҳо мисли як инсон андешаронӣ намоянд, тавони мутолиаро дошта бошанд ва ё масъаларо баррасӣ кунанду пайи ёфтани посух ба пурсишҳо гарданд. Бояд гуфт, ки то имрӯз компютер дар корҳои амалӣ истифода мешавад. Аммо бо ихтирои компютери ҷадид русҳо дар ояндаи наздик метавонанд, як муъҷизаеро дар олами фановарӣ пешкаш намоянд.Тағйироти суръатноки рақамӣ бинобар пандемияи коронавирус, ба яке аз ҳадафҳои афзали рушд то соли 2030, омили муҳими пешбурди иқтисодиёт ва баромад аз буҳрони он табдил ёфт. Ба ин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ рушди технологияи рақамиро дар шароити кунунӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.

 

Дастури Сарвари давлат доир ба таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон яке аз тадбирҳо дар ин ҷода мебошад. Маълум аст, ки пас аз паҳн шудани вируси навъи SARS-CoV-2 дар тамоми ҷаҳон муҳимияти иқтисодиёти рақамӣ ба таври назаррас эҳсос гардид. Одамон барои мутобиқ шудан ба воқеиятҳои нав ҳарчи бештар ба харидҳои онлайнӣ, сайрҳои маҷозӣ, конфронсҳои видеоӣ ва ғайра рӯ оварданд. Бо вуҷуди маҳдудиятҳои ҷоришуда дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, технологияи муосир дар ин давра ҳамкорӣ, муошират, харидуфурӯш ва дигар муносибатҳои инсониро осон намуданд. Дар ҳамин ҳол, пандемия мушкилоти нобаробарии рақамиро ҳам дар дохили кишварҳо ва байни кишварҳо ба миён овард. Бо назардошти нақши калидии технологияи рақамӣ дар давраи буҳрон, зарурати рафъи ин тафовут, махсусан дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва осебпазир, ба мадди аввал баромад. Ин дар ҳолест, ки истифодаи фаъоли технологияи муосири иттилоотӣ ва иртиботӣ на танҳо манбаи иловагӣ дар баланд бардоштани самаранокии субъектҳои соҳибкорӣ, балки имкониятҳои васеъ барои фазои иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. Мувофиқи арзёбии коршиносони Созмони ҷаҳонии савдо таҷрибаи буҳрон метавонад ҳамкориҳоро дар соҳаи тиҷорати электронӣ ҳавасманд гардонад, қоидаҳои интиқоли наздисарҳадии молҳоро ба таври назаррас сабук намояд, нобаробарии рақамиро коҳиш диҳад. Олимони соҳа иброз медоранд, ки иқтисодиёти рақамӣ маҳсули рушди ҷомеаи муосир дар тӯли 30-35 соли охир мебошад.

 

Аввал интернет барои ирсоли мактубҳо истифода мешуд. Дар пасманзари он оҳиста оҳиста интернет мағозаҳо, интернет бонкҳо, системаҳои бонкӣ пайдо шуданд, ки онро иқтисодиёти рақамӣ ном мебаранд. Соли 1994 аввалин интернет мағоза кушода шуд ва ба оғози тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон асос гузошт. Дар ҳамин ҳол, бонки амрикоии Stanford Federal Credit Union системаи нави интернет бонкро ҷорӣ сохт, ки пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, интернет, телефон, интиқоли маблағҳоро тариқи компютер имконпазир намуд. Истифодаи воситаҳои рақамӣ дар бахшҳои алоҳидаи мамлакат ба монанди молия, нақлиёт ва логистика ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои фаъол дар ҷорисозии технологияи молиявии рақамӣ дар бозори хизматрасониҳои бонкиву пардохтии мамлакат ва назорати низоми бонкӣ буда, ҷиҳати амалисозии пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар нақши бориз мегузорад. Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки феълан ба ҷойи даст – ақл, ба ҷойи одам – робот кор мекунад. Дар тамоми дунё фазои рақамӣ марҳилаи сифатан нави рушди тамаддуни инсонӣ ташаккул меёбад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ кишваре метавонад муваффақ бошад, ки аз ин низоми нав қафо намонад. Дар кишвари мо низ дар ин самт корҳои муайян ба ҷо оварда мешаванд. Кормандони муҳосибот имрӯз ба идораи андоз нарафта, ҳисоботро тавассути интернет ирсол менамоянд. Мизоҷи бонк аз ҷойи кораш тавассути интернет маблағро мепардозад, суратҳисобашро хабар мегирад. Телефони мобилӣ низ воситаи пардохти ҳар гуна хизматрасониҳо гаштааст. Ин ҳама ҳаракат ба самти иқтисоди рақамист.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки муҳимияти ҷорисозии технологияи инноватсионӣ аз тадбирҳои муассир кор мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ масъалаи ҷорисозии технологияи муосирро дар соҳаҳои гуногун пайваста таъкид медоранд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалисозии «ҳукумати электронӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки доир ба таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ чораҷӯӣ намоянд.

 

Ғайр аз ин, бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва банди 2-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқгисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» оид ба вусъат бахшидани корҳо, ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар заминаи он ҷорӣ кардани технологияи рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ қабул шуд. Консепсия таъсиси инфрасохтори муосири рақамӣ, таъмини ҳамаҷонибаи дастрасии фарохмавҷӣ, рушди системаҳои муосири алоқа, табодули бахши хизматрасонии давлатӣ, гузариш ба «ҳукумати электронӣ», рақамикунонии соҳаҳои калидии истеҳсолот энергетика, саноати коркард ва кишоварзиро дар давраи дарозмуҳлат пешбинӣ менамояд.

 

Айни ҳол дар асоси Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021 2025 таҳия ва ба Ҳукумати кишвар ирсол гардидааст. Ин аввалин барнома дар самти рақамикунонӣ мебошад. Бо вуҷуди пешравиҳои назаррас, дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд. Тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ таъкид доштанд: «Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нестанд ва зарур аст, ки чораҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда андешида шаванд». Рақамикунонии истеҳсолот ҳатто дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар қонеъсозанда нест. Сабаби ин аз як ҷониб нархи баланди интернети баландсуръат ва аз сӯи дигар норасоии инфрасохтори рақамӣ дар аксар корхонаҳои кишвар мебошад.

 

Тақрибан 1 дарсади муассисаҳои мавҷудаи савдо хизматрасониҳои рақамиро пешниҳод медоранд. Ин ҳолат бо амалан набудани дастрасии соҳибкорон ба алоқаи фарохмавҷ ва фарҳанги истифодаи технологияи рақамӣ вобаста буда, рушди ҷараёни инноватсияро дар соҳаи тиҷорати кишвар боз медорад. Ин омил водор месозад, ки дар баробари қабули барномаҳои рушди миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, инчунин, масъалаи маблағгузорӣ ба пешрафти суръатноки инноватсионӣ ҳал шавад. Зеро дар шароити муосир ҷорикунии ҳамаҷонибаи технологияи рақамӣ асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ буда, рақобатнокии кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъмин менамояд.

 

САДРИДДИНОВ Н. Т.,

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи назарияи иқтисоди

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

 

САДРИДДИНОВА М. Н.,

магистранти курси якуми факултети иқтисод, шуъбаи молия ва қарзи

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав