Дар ҳама давру замон шахсиятҳои бузурги илму адаб ба сони оташафрӯз масири зиндагии миллати худро равшан карда, халқро ба сӯйи хушбахтию саодат ҳидоят намудаанд. Зеро онҳо бо эҷоди ашъори пуртаъсир халқи худро дигарбора гирди ҳам овардаанд.

 

Яке аз чунин шоирони халқӣ Юсуф Вафо мебошад. Тибқи нигоштаи донишманди шаҳири тоҷик Воҳид Асрорӣ эҷодиёти Юсуф Вафо дар ду давр гузаштааст. Дар ашъори тоинқилобии ӯ шикоят аз ҷафоҳои рӯзгор ва беадолатиҳои замон мавқеи асосӣ дорад.

 

Инқилоб ба назми Юсуф Вафо сафои тоза овард. Ӯ Инқилоби Октябрро бо мамнуният истиқбол гирифта, дар шеърҳояш озодии заҳматкашон, истиқлоли занон, ободии кишвар ва дигар муваффақиятҳои ҳаёти навро тараннум кардааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ашъори ӯ халқро ба қаҳрамонию фидокорӣ ҳидоят намудаанд.

 

Яке аз хусусиятҳои ба худ хоси ин шоир дар он аст, ки ӯ мактаб нахондааст, яъне хату савод надошт, лек бар замми ин шеър эҷод мекард ва ҳатто китобаш низ таҳти унвони «Бо шумо ман зиндаам» нашр шудааст. Юсуф Вафо байтҳои зиёде аз ёд медонист ва дар байтбаракҳое, ки дар кӯҳистон баргузор мегардиданд, ҳамеша ғолиб меомад. Ашъори дилнишини Юсуф Вафо дар дилу ёди мардум маъво дорад.

 

Дилшод АВАЗЗОДА,

донишҷӯи курси 1-уми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ