Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо роҳбарии ректори донишгоҳ – Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ 10 адад компютер тақдим карда шуд. Ин тақдими туҳфаҳо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон анҷом дода шуд.
Боиси қайд ва дастгирист, ки ДДБ ба номи Н. Хусрав, дар доираи имкониятҳо ба муассиссҳои таълими дасти мадад дароз менамояд ва дар пайравии сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои хайру саховатмандӣ иқдом менамояд.
Ин амал ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола дар арафаи ҷашну идҳои гуногун донишгоҳ ёрмандии худро расонида меистад.