Ваҳдат яке аз авомили мустаҳкам ва устувори тартибу низоми ҷамъиятӣ, ҳидоятгари бошууронаву мақсадноки воҳидҳои иҷтимоӣ, хоҳ хонавода, хоҳ қабила ва хоҳ миллату ҷамъият мебошад, ки аъзои ҷомеаро барои ноил шудан ба ҳадафҳои моҳияти умумидошта сафарбар менамояд.

Дарвоқеъ, ваҳдати миллие, ки дар сарзамини маҳбубамон – Тоҷикистон пайрезӣ ва устувор шуда истодааст, дар ибтидо тавонист баҳри таъмини густурда ва устувори иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодии ин сарзамин мусоидат намояд. Ваҳдати миллии Тоҷикистон нахуст дар хомӯш кардани оташи даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ нақши боризе гузошт, ки тамоми ҷомеа мунтазираш буданд.
Бояд иқрор шуд, ки сарчашмаи ба ваҳдат гаравидани мардуми тоҷик дар замони ҷанги ҳамватанӣ суханони пурихлос ва содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боис гардид. Ифодаи «Ваҳдати миллӣ» чун аз забони Сарвари давлат шунида шуд, намояндагони мардум ва тамоми халқи Тоҷикистон ин мафҳумро дар дилу дида ва мағзу устухони худ ҷой доданд. Бешубҳа, ин сухани муқаддас тамоми хурду бузурги кишварро ба далериву шуҷоат, мардонагӣ, эҳсоси баланди Ватану ватандорӣ ҳидоят карда, фаҳму тафаккури миллионҳо ҳамватанонро ба мафҳуми ватанпарастӣ ва Ваҳдати миллӣ пайванд кард.
Ҷойи ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз ҷомеаи инсонӣ, бахусус сиёсатшиносони ҷаҳон, барои татбиқи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар кишварҳои ҷангзада паҳлуҳои гуногуни онро меомӯзанд ва барои амалӣ намудани сулҳу ризоияти миллӣ ҷаҳду талош меварзанд. Ногуфта намонад, ки раванди таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳу оштӣ нуфузу манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бурд ва ҷойгоҳи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро дар пешниҳод ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаи зиёди ҳаётан муҳими минтақавиву байналмилалӣ рафъат бахшид.
Сабаби асосии дар як муддати начандон тӯлонӣ ба сулҳу салоҳ омадани миллати тоҷик, пеш аз ҳама, бархурдории ин миллат аз фарҳанги сулҳ аст, ки бунёду асоси онро ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Ваҳдати миллӣ мафҳуми хушку холӣ ва тасаввуроти хаёлӣ набуда, балки мазмуни жарфи иҷтимоиву таърихӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки тафаккуру андешаи миллати фарҳангофари тоҷик аз даврони оғози пайдоишаш мабнӣ аз сулҳу субот, ватандӯстиву ватанпарастӣ, башардӯстӣ, дӯстиву рафоқат, панду андарз, сидқу вафо, ваҳдату ягонагӣ ва амсоли инҳост. Бояд таъкид кард, ки бо вуҷуди он ки масоили фавқуззикр аз арзишҳои баланди инсонӣ ба шумор мераванд, дар тӯли таърихи гузашта гоҳе ҳам шуда, ки адами ин масоил барои миллати тоҷик фоҷиаҳои зиёдеро ба бор оварда, боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ низ гардида буданд, аммо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ин арзишҳо барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кардаанд ва миллати моро аз нобудшавӣ эмин ва барои расидан ба ҳадафҳои волои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳидоят намуда, то ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ оварда расониданд.
Сулҳу салоҳ дар табиату хислат, хулқу атвор, сиришту ниҳод, дар хуну пӯст ва дину имони миллати тоҷик аз дер боз мақоми марказиро дорост. Пӯшидаву пинҳон нест, ки тамоми динҳои ҷаҳон, бахусус дини мубини ислом, ҳама гуна ҷангу низоъро маҳкум ва сулҳу оштиро тарғибу талқин мекунанд, чунки сулҳ дар фаҳанги мо – тоҷикон беҳтарину муҳимтарин василаи расидан ба саодати кавнайн аст. Роҷеъ ба масъалаи ҷанг ва сулҳ дар «Қуръон» махсусан дар сураи «Ал-ҳиҷра» чунин таъкид шудааст: «Ва агар ду гурӯҳе аз муъминон ба ҳам биҷанганд, онҳоро ба сулҳ кардан моил созед». Бо назардошти ба эътибор гирифтани таълимоти «Қуръон» ва аҳодиси набавӣ миллати тоҷик дар такя бо консепсус, компромис, эҳтироми рақиби сиёсӣ ва монандаи инҳо дар ҷодаи бунёди ҷомеаи демократӣ ва мутараққии воқеӣ ин армонҳоро бо мафкураи солими кулли аъзои ҷомеа вобаста медонад.
Роҷеъ ба моҳияти сулҳу субот ва натиҷаи ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкидан чунин мегӯянд: «Дар ин робита мехоҳам махсус таъкид намоям, ки сулҳу субот ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, бори дигар дар назди халқи шариф ва миллати сарбаланди тоҷик сари таъзим фуруд меорам. Дар марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддасти худ қарор додааст, мо тамоми дастовардҳоямонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста медонем».
Дарвоқеъ, роҳи ягона ва кафолати ҳатмии инкишофи ҳамаҷиҳата устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, коҳиш додани сатҳи фақр, сарсабзу зебо ва боз ҳам обод намудани Ватан натиҷаи сулҳу салоҳ ва суботу оромӣ мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеаро лозим аст, ки сулҳу субот ва амониву оромии ҷомеаро чун мардумаки чашм ҳифзу ҳимоят намояд, зеро маҳз аз баракати иттиҳоди неруҳои ақлонӣ ва муттаҳид сохтани қувваҳои сиёсӣ истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватан ҳифз ва мардуми заҳматкаш аз оворагиву парокандагӣ эмин хоҳад монд.
Ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ дар назди мардуми куҳантаърихи тоҷик вазифа ва масъулияти хеле муҳим ва ояндасозро пеш гузошт, ки арзишмандтарини онҳо ватандӯстӣ, сулҳу субот, бунёди давлати миллӣ ба шумор мераванд. Ин арзишҳо боис мегарданд, ки мақому мартабаи инсон дар ҷомеа боз ҳам баланд гардад.
Масоили иқтисодиву иҷтимоиёт рушд кунад, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар таъсирпазир бошад ва монанди инҳо. Ин арзишҳо аз ҳар фарди ҷомеа тақозо мекунад, ки ҳисси масъулиятшиносиашро баланд бардорад ва дар ҳалли мусбати муаммоҳои зиндагӣ саҳмгузор бошад.
Рустам ТАҒАЙМУРОДОВ,
Профессор