Мутобиқи назарияи ҷомеашиносон ва равоншиносони оилавӣ, ҳар як оила якчанд марҳилаи ташаккулро аз сар мегузарад ва хангоми гузариш аз як марҳила ба дигар марҳила ба буҳронҳои оилавӣ рӯ ба рӯ мешавад, ки онҳо ҷиҳатҳои мусбат ва манфӣ доранд.

1. Марҳилаи якуми ташаккул ва буҳрони солҳои аввали зиндагӣ.

Ташаккулёбӣ: Оила ҳамчун фишанги муҳимтарини ҷомеа, дар натиҷаи якҷошавии зану шавҳар, пайдо шудани муносибатҳо нав дар зиндагӣ, мубодилаи арзишҳои маънавии якдигар, тарҳрезии нақшаҳои ояндаи зиндагӣ, ба якдигар кумак расонидан, тақсимоти одилонаи даромаду хароҷот ва уҳдадориҳои оилавӣ аз рӯзҳои аввали зиндагии якҷоя ташаккул меёбад. Буҳрон: Бинобар надоштани таҷрибаи зарурии зиндагӣ, рӯ ба рӯ шудан ба муҳити нави зиндагӣ ва мутобиқ нашудан ба он (дар муҳлати дахлдор амалӣ нагардидани орзуҳои бачагӣ, тасаввуроти нодуруст доштан оид ба арзишҳои оиладорӣ, таъсири омилҳои муҳити меҳнати якҷоя, мутобиқ набудан ба муҳити зист ва таъсироти дигар, ки бештари онҳо ба занҳо мансубият дорад, зеро онҳо давоми 17-18 сол ва аз он зиёд дар муҳити бештари мусоид ба зиндагӣ ба камол расида, дар як муддати кутоҳ наметавонанд ба муҳити нав (оилаи шавҳар) мутобиқ шаванд), яке аз ҳамсарон норозӣ шуда, мехоҳад, ки равандҳои ҳаёти якҷоя низ, аз ҷумла ҳаёти оилавии онҳо ба ӯ бештар мусоид бошад ва онро мехоҳад тағйир диҳад.

2. Марҳилаи дуюми ташаккул ва буҳрони солҳои дар ҳаёти оилавӣ таваллуд шудани фарзандон ва ба камол расонидани онҳо.

Ташаккулёбӣ: Таваллуди кудакон ва марҳилаҳое, ки ба тарбияи онҳо вобастагӣ доранд, волидайнро водор месозад, ки ба зиндагӣ бо нигоҳи нав назар намуда, аз амалишавии нақшаҳои алоҳида ба амалишавии нақшаҳои якҷоя гузаранд ва дар баробари ташаккули шахсияти хеш, ба рушди оила ва ташаккули ҳар як аъзои он диққат зоҳир намоянд. Буҳрон: Бинобар таваллуд ёфтани фарзандон аз никоҳи якҷоя ва ба вуҷуд омадани мушкилот дар тарбияи онҳо, вақти муносибатҳои меҳрубони байни зану шавҳар коҳиш меёбад ва масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзанд баҳсу муноқишаҳои байниҳамдигариро ба миён меоранд, зану шавҳар зимни баррасӣ ва ҳалли бисёре аз масъалаҳои барои онҳо назаррас ба як фикр намеоянд ва ғайра, ки ин боиси буҳрони навбатии оилавӣ мегардад.

3. Марҳилаи сеюми ташаккул ва буҳрони солҳои дар ҳаёти оилавӣ пайдо шудани келину домод ва фарзандони онҳо.

Ташаккулёбӣ: Баъд аз оиладор кардани фарзандон дар муносибатҳои оилавӣ мушкилоти нав пайдо мешванд, ки аъзои оиларо уҳдадор мегардонад, ки шакли муносибатҳояшонро тағийр дода, тавассути ин муносибатҳо онро ташаккул диҳанд. Масалан, дар баробари ба фарзанди хеш панду насиҳат ва раҳнамоӣ кардани ҳаёти ӯ, муосидат ба ҳаёти келин ва ё домод ба уҳдадориҳои оилавӣ зам мешавад. Инчунин, масъулияти тарбияи фарзадони онҳо низ ба уҳдадориҳои оилавӣ илова мешавад. Волидайн ва аъзои оиларо чунин уҳдадориҳо водор месозанд, ки аз марҳилаи дуюми ташаккули зиндагӣ ба марҳилаи нави он мутобиқ шаванд. Буҳрон: Бинобар зиёд шудани аъзои оила ва уҳдадориҳои оилавӣ, нигоҳдории ойину арзишҳои хос ба ҳар як оила ва рушди он мураккаб мегардад. Зеро имконият ва иқтидорҳои оилавӣ дар бисёр мавридҳо ба нақша гирифта намешаванд ва дар натиҷа ба мушкилоти зиёди оилавӣ оварда мерасонад.

4. Марҳилаи чоруми ташаккул ва буҳрони пиронсолии оила.

Ташаккулёбӣ: Баъд аз ба камол расидани фарзандон ва дарки масъулияти онҳо доир ба бисёр масъалаҳои оилавӣ, инчунин қави шудани решаҳои дарахти зиндагӣ оилаи комил ташаккул меёбад, ки нақши калонсолон дар ин муносибатҳои оилавӣ – раҳнамоӣ ва ҳидоят ба корҳои нек ва тарбияи насли давомдиҳандаи сазовору посдори арзишҳои гузаштагони хамин оила мебошад. Буҳрон: Марҳилаи ба камол расидан ва мустақил шудани фарзандон дар макони хеш, волидайн ба буҳрони нав – танқиси кашидан аз меҳру муҳаббати фарзандону наберагон ва дигар аъзои оила рӯ ба рӯ мегарданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар тамоми марҳилаҳои зинагӣ ҳар як оиларо таъсири чунин омилҳо ҳам ба таври мусбат ва манфӣ ҳамроҳӣ менамоянд, аз ҷумла муносибатҳои хешовандон, муносибатҳои вобаста ба мушкилот дар ҷойи кор, муносибатҳо бо дӯстон, тағйир ёфтани вазъи молиявӣ, иваз кардани макони зист, таваллуди кӯдакон, тарбия ва ба камол расонидани онҳо, бемориҳо, марг, ҷанг, нақшаҳои оянда, тақсими даромади оила, хоҳишҳо ва андешаҳои ҳар як аъзои оила, низоъҳои оилавӣ, мушкилоти танҳоӣ, муҳаббат, саломатӣ, дахолати волидайн, мақсадҳо ва манфиатҳои зану шавҳар, фарқияти сину сол ва нақшу нуфузи ҳар як аъзои оила ва ғайраҳо.