Барои он, ки низоъҳои оилавӣ ба вуҷуд наоянд ва ё сари вақт ҳалли худро ёбанд, бояд ҳар як оила ва аъзои он воситаҳои зерини пешгирии низоъҳоро дар ҳаёти хеш истифода намоянд.

1. Таҳаммулпазирӣ – ҳар як аъзои оила бояд кӯшиш намояд, ки якум дар муносибатҳои оилавӣ корро ба муноқиша набарад, баъдан дар сурати ба миён омадани муноқиша яке аз онҳо, бояд сабру оромӣ ва таҳаммулпазирро иҷро намояд.
2. Бахшояндагӣ – ҳалли баҳсу мунозираҳоро ба дигар вақт нагузошта, сари вақт ва ё то давоми се рӯз тариқи якдигарфаҳмӣ ҳал намоед. Дар ҷараёни баҳс танҳо аз рӯи моҳияти он суҳбат карда, аз доираи он берун набароед. Баҳсҳоро ба гуноҳҳо табдил надода, аз баҳрашон гузаред.
3. Сулҳхохӣ – дар ин роҳ аз истифодаи калимаи «ман» даст кашида калимаҳои «мо», «аз они мо», «бо мо» ва «мову шумо» зиёдтар истифода кардан зарур аст. Ба якдигар сулҳ карданро ёд гирифтан мебояд.
4. Таърифкунӣ – агар майли маломат карданро доред, ба таври дигар амал кунед, яъне таъриф ва ё таҳсин намоед. Ин амал метавонад натиҷаҳои хуб диҳад.
5. Якдигарфаҳмӣ – ҳамгоми суҳбат, бояд ба суханҳои якдигар таваҷҷуҳ зоҳир карда, андешаҳои якдигарро дастгирӣ намоед.
7. Меҳрубонӣ – бо суханон ва амалҳои дахлдор дар мавридҳои зарурӣ бо якдигар меҳрубонӣ намоед. Инчунин барои некӯаҳволӣ ва беҳбудии оила амалҳои хайрхоҳиро иҷро намоед.
8. Имкониятдиҳӣ – имкон диҳед, ки ҳар як аъзои оила фикри худро иброз намоянд, гарчанде ки агар шумо бо ӯ комилан розӣ набошед.
9. Эҳтиромгузорӣ -пеш аз ҳама нисбат ба якдигар, баъдан нисбат ба падару модар, бародару хоҳарон ва аҳли хешовандони якдигар меҳрубон, ғамхор ва таваҷҷуҳманд бошед ва бо онҳо муомилаи хуб намоед.
11. Шӯхиомезӣ – барои гуногунрангии зиндагӣ аз усулҳои зиндатабиатӣ ва ҳазлу шухӣ истифода намоед. Вале диққаткорона – бидуни масхара, масхарабозӣ ва таҳқир. Шодиҳои ҷонибҳоро бо ҳам мубодила ва якҷо кунед.
12. Диққатталабӣ – дар ҳалли мушкилот ва баррасии низоъҳои оилавӣ бидуни шӯхӣ ҷиддан харф занед ва дар ақидаи худ устувор ва қатъӣ бошед.
13. Худидоракунӣ – дар ҳама мавридхои муноқиша ҳеҷ гоҳ якдигарро намоишкорона таҳқир ва дар назди омма танқид накунед. Дар мавридҳои муноқиша ба эҳсосот дода нашуда, ҷисм ва забони худро идора намоед.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим вобастагии зич дорад. Асоси оилаи солимро муҳаббат ва эҳтироми якдигар, аз худ гузаштанҳо, сабру таҳаммулпазирӣ ва дигар омилҳо ташкил медиҳанд.