Тоҷикистон соли 1991 истиқлолиятро ба даст оварда, ба марҳилаи сифатан нави таърихи худ ворид гардид, ки имконияти воқеӣ барои рушду таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва пайвастан ба низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ фароҳам оварда шуд. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон марҳилаи ташаккулро бомуваффақият гузашта, ҳамчун унсури ҷудонопазири сиёсати давлатӣ дар шароити нави таърихӣ ва геополитикӣ тасдиқ гардид.

Шароити муфид барои ташаккули асосҳои давлатдории миллӣ, аз он ҷумла ҳимояи сарҳадоти Ватан, ки аз гузаштагон ба мерос гирифтаем, таъмин гардид. Ҳамин тариқ, дар шароити имрӯза мо дорои сарҳадоти худ мебошем, ки дар як қатор бо чунин мафҳумҳо, ба монанди миллат, забон ва артиш, аломати муҳими истиқлолият ва суаеренитети давлатӣ ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, амнияти давлат ва миллат бевосита бо сатҳи ҳоимояи сарҳадоти давлатӣ алоқаманд аст.
Дар шароити вазини минтақа ва ҷаҳон, махсусан вазъияти Афғонистон, оқибатҳои манфии равандҳои ҷаҳонишавӣ, фаъолгардии гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, пайдоиши гурӯҳҳои ҷиноятии фаромиллӣ ҳар як фардро водор месозад, ки дар ҳимояи марзу буми Ватан ба таври доимӣ омода бошад.
Дар шароити имрӯза дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, яке аз самтҳои асоси муносибат бо кишварҳои ҳаммарз ба ҳисоб меравад, ки пас аз соҳибистиқлол гардидан як қатор проблемаҳои мушаххас ҷой доранд. Сабаби асосии ин проблемаҳо бо сиёсати давлати шӯравӣ алоқаманд аст. Дар давраи мавҷудияти давлати шӯравӣ, ҷудо гардидани ҳудуди ҷумҳуриҳои бародар дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавре ба роҳ монда шуда буд, ки барои расидан ба ноҳияҳои наздисарҳадӣ, хатман аз ҳудуди ҷумҳурии дигар гузаштан зарур буд. Дар давраи мавҷуияти давлати шӯравӣ ин проблема набуд, зеро ҳама ҷумҳуриҳо дар ҳайати як давлат фаъолият доштанд.
Лекин, пас аз соҳибистиқлол гардидан, чунин истифодабарии ҳудуди якдигар ба проблемаи мушаххас мубаддал гардид. Аз ин хотир кишварҳои тоҳаистиқлоли минтақаро зарур буд, ки ҳарчӣ тезтар муайяннамоии марзиро амалӣ намоянд. Метавон қайд намуд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар минтақа, як қатор баҳсҳои сарҳадӣ то ба имрӯз ҳалли худро наёфтаанд.
Яке аз чунин баҳсҳои сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омадааст, ки сол ба сол тезутунд гардида, дар муносибатҳои ин ду кишвар халал ворид намуда, ҳатто боиси хотима бахшидани муносибатҳо дар баъзе соҳаҳо гардидааст. Қайд намудан зарур аст, ки Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои сиёсиву амниятӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба тақвияти муносибатҳои нек бо кишварҳои ҳамсоя манфиатдор аст.
Қайд намудан зарур аст, ки нуқтаҳои баҳсноки ҳудудӣ-марзӣ байни минтақаҳои аҳолинишини Ворух ва Чоркӯҳи Тоҷикистон ва ноҳияи Оқсойи Қирғизистон ҷой доранд. Масоҳати умумии ин нуқтаи баҳснок 34 ҳазор гкектарро ташкил менамояд, ки объекти асосии зиддияти байни ин ду кишвар гардидааст. Таҳлили санадҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки то соли 1924 заминҳои баҳсӣ аз тарафи аҳолии Ворух ва Чоркӯҳ истифода мегардиданд. Лекин соли 1949 муайян намудани сарҳади ин ду ҷумҳурӣ аҳ нав амалӣ гардид, ки мувофиқи он ба Тоҷикистон 50 ҳазор гектар ва ба Қирғизистон 4,5 ҳазор гектар замин мегузашт. Нисбати ин масъала қарор қабул гардид, лекин иҷроиши он ба таъхир гузошта шуда, пас аз пошхурии Иттифоқи Шӯравӣ ба масъалаи асосии зиддияти ин ду кишвар мубаддал гардид.
То ба имрӯз нисбат ба дарозии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон маълумоти ягона ҷой надорад, яъне муаллифон гуногун рақамҳои мухталифро нисбати дарозии сарҳади ин ду кишвар пешниҳод намудаанд, ки бо номуайянии баъзе нуқтаҳои хати сарҳад байни ин ду кишвар алоқаманд аст.
Қайд намудан зарур аст, ки проблемаи сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар баҳсҳои ҳудудӣ зоҳир мегардад, ки баъзе минтақаҳои Тоҷикистон Ворух ва Чоркӯҳ ҳудуди давлати ҳамсоя – Қирғизистон иҳота гардида, роҳҳои ҳалли масъаларо мураккаб мегардонад. Чи тавре, ки қайд намудем, ин яке аз ҳамон ҳолатҳое мебошад, ки дар давраи шӯравӣ, дар асоси ба иҷора додани заминҳои ҳудуди Тоҷикистон барои хоҷагидорӣ ба ҷониби Қирғизистон пайдо шудааст.
Ба баррасиҳои сатҳи олии байни ин ду кишвар нигоҳ накарда, ҷониби Қирғизистон дар баргардонидани заминҳо майл надорад, ки аллакай ба муносибати байни ин кишварҳо як қатор проблемаҳои ҷиддиро ба миён овардааст. Аз ин хотир, чунин мешуморем, ки масъалаи мазкур ҳарҷӣ зудтар бо роҳҳои осоишта ва гуфтушунид ҳалли худро ёбад.
Ҳанӯз дар солҳои 90-ум байни ин ду кишвар музокираҳои дуҷониба дар фазои дӯстӣ доир гардид, ки дар он созишномаи байнидавлатӣӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ба имзо расидааст. Илова бар ин, байни ин ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳо таъсис дода шуда буд, ки мебоист проблемаҳои ҷойдоштаро тариқи баррасӣ, муҳокима ва гуфтушунидҳо ҳал менамуд. Дар ин самт, масъалаи баҳсҳои сарҳадӣ асосӣ ва муҳим арзёбӣ мегардиданд.
Лекин, чун дар ин давра, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон, ки муддати 70 сол дар ҳайати як давлат фаъолият доштанд, ба ҳалли масъалаҳои сарҳади бо Хитой диққати асосӣ равона намуда, мавҷудияти баҳсҳои сарҳадии байни якдигарро дуюминдараҷа ҳисобиданд. Чунин муносибат буд, ки дар ҳалли баҳсҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон созиши мувофиқе ба даст оварда нашуд.
Қайд намудан зарур аст, ки ҳалли баҳси сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз густариши ҳамкориҳои минбаъдаи ҷонибҳо вобастагӣ дорад. Аз ин хотир дар ин давра Комиссияи муштараке таъсис дода шуд, ки дар доираи он истифодабарии обу замин дар ноҳияҳои наздисарҳадии ин ду кишварромавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор медод. Зеро истифодаи обу замин дар ин маҳалл боиси сар задани маҷароҳои мухталиф дар ин минтақа гардид.
Қарор қабул карда шуд, ки то ба итмом расидани раванди марзгузорӣ байни ин ду кишвар, азхудкунӣ ва истифодаи замин ва об дар минтақаҳои баҳснок танҳо дар якҷоягӣ сурат гирад, лекин ҷониби Қирғизистон талаботи ин қарорро иҷро накард, ки боиси авҷ гирифтани моҷароҳои наздисарҳадӣ дар марзи ин ду кишвар гардид.
Ҳамин тариқ, метавон қайд намуд, ки баррасӣ ва ҳалли масъалаи сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон, ба саъйу кӯшиши тарафҳо нигоҳ накарда, ба таъхир афтодааст. Дар ин самт ҷонибҳо якдигарро дар иҷро нагардидани талаботи қарорҳои қабулшуда гунаҳкор менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди солҳои каблӣ, тақвияти муносибатҳои дӯусторнаро бо Қирғизистон иброз намуда, роҳи осоиштаи ҳалли баҳси сарҳадиро ба Қирғизистон пешниҳод менамояд.
Пешниҳод:
Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад, ки кишвар дар фаъолияти худ ба риояи принсипҳои умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналхалқӣ ва минтақавӣ кӯшиш менамояд, пас зарур аст, ки баҳси марзӣ бо Қирғизистон дар доираи ҳуқуқи байналхалқӣ, бо муроҷиат намудан ба мақомоти дахлдори байналхалқӣ ҳал карда шавад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки талаботи қарорҳои қабулшуда дар самти ҳалли масъалаи баҳси сарҳадӣ, аз ҷониби Қирғизистон иҷро намегардад, ки боиси тезутунд гардидани муносибатҳо дар сарҳад мегардад.
Дар муносибатҳои байналхалқӣ, дар ҳама давру замон, иқтидори ҳарбӣ, яке аз омилҳои асосии нигоҳ доштани амнияти кишвари алоҳида ба ҳисоб мерафт. Дар асоси ин принсипи муносибатҳои байналхалқӣ, Тоҷикистонро зарур аст, ки ба таҷдиди қушкнҳои сарҳади чораҳои зарурӣ андешад.
Ҳамин тариқ, метавон қайд намуд, ки ҳимояи сарҳадоти давлатӣ яке аз унсурҳо ва омилҳои асосии таҳкими истиқлолияти миллӣ, таъмини якпорчагии марзу ҳудуди кишвар ба ҳисоб рафта, аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳ ҳифзи онро талаб менамояд.

Диловар Саидзода