Имрӯз 20-уми майи соли 2021-ум Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ аз раванди баргузории имтиҳони хатми донишҷӯён боздид намуда, ба ҳамаи хатмкунандагон муваффақиятҳо хостанд.

Яке аз нишондиҳандаҳои сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ аттестатсияи хатм маҳсуб меёбад. Аттестатсияи хатм марҳилаи хотимавии таҳсил буда, мутобиқати мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимиро ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот муқаррар ва муайян мекунад.
Аттестатсияи хатм танҳо натиҷаи заҳмати муайяни таҳсили донишҷӯ дар мактабӣ олӣ ба ҳисоб нарафта, балки фаъолияти пурмаҳсули садорат, кафедра ва омӯзгорро нишон медиҳад