Маълумотнома оид ба фаъолияти бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 13-уми августи соли 2020 то 17-уми майи соли 2021

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои муаррифии шоистаи дастовардҳои донишгоҳ аз соли 2015 сомонаи худро бо нишнонии http://btsu.tj ва аз 13-уми августи соли 20220 дар фейсбук бо нишонии www.facebook.com фаъол гардонида иттилооти гуногунжанрро пешниҳоди хонандагони худ мегардонад.
Дар ин давра аз ҷониби устодону донишҷӯёни донишгоҳ маводҳои навиштаи хешро ба суроғаи сомона ittiloot.ddb@mail.ru равон намуда, аз ҷониби бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳ ба нашр расонида шудааст.
Дар ин давра мавзӯъҳое, ки ба фаъолияти сохторҳои донишгоҳ тааллуқ дошт, дар сомона мавриди инъикос қарор гирифтанд. Дар моҳи август- 36 мавод, сентябр – 74 мавод, октябр -95 мавод, ноябр – 76 мавод, декабр – 65 мавод, январи соли 2021 – 52 мавод, феврали соли 2021 – 70 мавод, марти соли 2021 – 78 мавод, апрели соли 2021- 108 мавод ва то 17-уми майи соли 2021 – 61 мавод дар сомонаи донишгоҳ http://btsu.tj ва дар сомонаи ичтимоии фейсбук бо нишонии https://www.facebook.com/groups/348045799694222 нашр гардидаанд.
Дар ин баробар 84 адад видеоролик ва 1 ҳазору 650 акс оид ба фаъолияти факултетҳо ва сохторҳои донишгоҳ гузошта шудааст. Дар ин радиф дар сомонаи ичтимоии фейсбук теъдоди обуначиён ба ҳолати 18-уми майи соли 2021 ба 2 ҳазору 610 нафар расид. Ҳамарӯза 1 ҳазору 841 нафар вориди сомонаи мо мегардад.
Нақшаи воридшави аз шаҳру ноҳияҳо бошад 1 ҳазору 577 аз шаҳри Душанбе, 674 нафар аз шаҳри Бохтар, 54 нафар аз Хуҷанд, 42 нафар аз шаҳри Кӯлоб, 13 нафар аз ноҳияи Данғара, 8 нафар аз Панҷакент ва 7 нафар аз ноҳияи Вахш сомонаро боздид намудаанд. Аз давлатҳо бошад 2 ҳазору 413 нафар аз Тоҷикистон, 82 нафар аз Россия, 11 нафар аз Бенин, 6 нафар аз Ӯзбекистон, 6 нафар аз Афғонистон, 5 нафар аз ЮАР, 5 нафар аз Мали, 3 нафар аз Қазоқистон, 3 нафар аз Германия вориди сомона шудааст.
  • АЗ ШУМОРАИ УМУМИИ КОРБАРОН 10 НАФАР ФАЪОЛОНИ www.facebook.com МАЪЛУМ ШУД:

1. Шодмон Бақоев, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ;

2. Нурализода Наргис, раиси бонувони донишгоҳ;

3. Муқаддас Рустамзода, декани факултети забон ва адабиёти рус;

4. Шарифхон Баротзода, сардори Раёсати илм ва инноватсия;

5. Шаҳло Ашурова, мудири кафедраи курси амалии забони рус;

6. Диловар Ҷаборов, юристи донишгоҳ;

7. Судоба Даминова, корманди факултети забон ва адабиёти рус;

8. Эмомалӣ Набизода, омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ;

9. Мурод Холмуродзода, декани факултети физика;

10. Рухсора Азиззода, корманди шуъбаи бақайдгирандаи шиносномаҳои донишгоҳ.

Аз 13-уми август то 17-уми майи соли 2021 дар сомона сину соли аъзоёни аз 13 то 17 сола 2%, сину соли аз 18 то 27 сола 5%-зан ва 39% мард, сину соли 25 то 34 сола 4% зан ва 30% мард, сину соли 45 то 54 сола 3% зан ва 8% мард ташкил медиҳад.
Маводҳои серхонандатарини сомона зери сарлавҳаҳои “Ҷумъа Шарипов дар сини 82 солагӣ аз олам даргузашт”-ро 1 ҳазору 277 нафар, “Ҳимояи рисолаи номзадӣ муборак!”-ро 1 ҳазору 117 нафар, “Хушбахту саодату саломат бошӣ!” -ро 1058 нафар, “Дилат шода, лабат пурханда бошад”-ро 948 нафар, “Либо нишон аз фарҳанг аст”-ро 1 103 нафар, “Корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз руйи 45 равия сурат мегирад”-ро 1039 нафар, “Ҷашни бузургзошти корномаи падарон”-ро 1006 нафар, “Таҷлили рӯзи ғалаба дар ДДБ”-ро 947 нафар, ва “Дарси намунавӣ дар литсейи назди ДДБ”-ро бошад 779 нафар хондаанд.
Комрон РАСУЛОВ,
сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ