Ҷавонон нерӯи созандаву бунёдкор ба шумор рафта, рушду густариши тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва онядаи дурахшони миллату давлат аз донишу ҷаҳонбинӣ, тарбияи дуруст, эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва масъулияту ташаббусҳои онҳо вобастагии амиқ дорад. Ҳамин аст, ки дар мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи ҷавонон масъалаҳои муҳимми ин қишри ҷомеа мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифт.

Пешвои миллат, бо таваҷҷуҳу ва ғамхории амиқ изҳор доштанд, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошаи ҷавонон аз тарафи давлату ҳукумат тадбирҳои муҳим андешида шуда, дар ин замина санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва Консепсияву Барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд, ки онҳо дар рушду такомули фаъолияти гуногунҷабҳаи ин қишри созанда мусоидат карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: «Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, аз ҷумла ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон, қабули даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҳаллу фасли маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии бевосита ба ҷавонон дахлдошта, тадбирҳои баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат бо роҳи таъсиси стипендия ва ҷоизаҳои гуногун, таъсиси квотаҳо барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар дохил ва хориҷи мамлакат, андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Таъсиси квотаву стипендияҳои Президентӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба вусъати омӯзишу фаъолияти ҷавонон мусоидат намуд, ки ин муносибат дар шароити аввали соҳибистиқлолӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо дар ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад. Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки имрӯз ҷавонони худшиносу худогоҳ, ватандӯсту меҳанпараст ва соҳибхираду ҳунарманд дар муаррифии шоистаи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ саҳми муносиб доранд, ки ин қобили дастгирӣ мебошад. Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ ҷавонони баору номуси кишвар тавонистанд, ки бо хиради азалӣ, истеъдоду фитрати азалии худ дар садҳо Симпозиму конфронс, Олимпиадаву мусобиқа ва чорабиниву ҳамоишҳо шарафи Тоҷикистонро ҳифзу баланд бардоранд. Ҳамчунин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурӯғи маърифат» суханронӣ намуда, ҷалби наврасону ҷавононро ба ин озмунҳо саривақтӣ ва манфиатовар арзёбӣ намуд.
Қайд намудан зарур аст, ки имрӯз барои наврасону ҷавонон аз давлату ҳукумат, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити мусоиди илмомӯзиву касбазхудкунӣ ва фаъолият дар соҳаҳои мухталиф муҳайё карда шудааст. Ба касе пӯшида нест, ки чунин ғамхориву таваҷҷуҳ нисбати ин қишри ҷомеа то ин андоза аз ҷониби ягон сарвари давлат ба мушоҳида намерасанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ, аз ҷумла дар мулоқот бо ҷавонон, ки санаи 21 майи соли равон баргузор гардид, таъкид доштанд, ки ояндаи дурахшони миллату давлат ба ҷавонон вобастагии зиёд дорад. Ҳар қадар, ки мо ба дуруст ба камол расидани ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ намудему барои онҳо шароити арзандаи таҳсилу зиндагиро фароҳам овардем ҳамон андоза ояндаи мо рахшанда аст.
Таҷлили Рӯзи ҷавонон ва дар сатҳи баланд истиқбол гардидани он аз таваҷҷуҳуи рӯзамфзуни давлату ҳукумат дарак медиҳад, ки дар ҳошияи он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, Вазорату Кумита ва муассисаҳои гуногун чорабиниҳои мухталиф гузаронида шуданд. Дар ин ҳама чорабиниву нишастҳо масъалаҳои мухталифи ба таҳсилу фаъолияти ҷавонон алоқаманд мавриди таҳлилу арзёбии амиқ қарор гирифтанд, ки ин муносибат аз пешрафти кор дарак медиҳад. Пешвои миллат дар суханронии худ изҳор доштанд, ки: «Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд. Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем».
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» нисбати ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, имрӯз онҳо дар воҳидҳои сохтории донишгоҳ дар вазифаҳои пурмасъул фаъолияти назаррас доранд. Умед дорем, ки ҷавонони донишгоҳ сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи он саҳми муносиб мегузоранд.
Сангимурод Шарипов, номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгори кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав,
Саидумар Мирзомуродов, ассистенти кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии донишгоҳ