Имрӯз 25-уми майи соли 2021-ум бо ибтикори Кумитаи мутаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи волейбол байни омӯзгорони то 35 – сола ва мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни донишгоҳ доир гардида буд натиҷагирӣ шуд.

Тибқи пешниҳоди доварон маълум гардид, ки омӯзгорони факултети педагогика ва варзиш сазовори ҷойи аввал, омӯзгорон факултети математика -информатика ҷойи дуюм ва омӯзгорони факултети забон ва адабиёти рус сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни курси 1 – уми донишгоҳ доир гардида буд ҷамбаст гардид. Дар ин бози донишҷӯёни факултети педагогика ва варзиш ҷоий якум, донишҷӯёни факултети иқтисодӣ ҷойи дуюм, донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик, факултети техникӣ ва технологӣ сазовори ҷоий сеюм гардид.
Ғолибон бо Ҷом, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ин радиф Нуриддин Қармишов аз факултети педагогика ва варзиш ва Шарофиддин Юсуфӣ аз факултети математика информатика бозингарони беҳтарини даста дониста шуданд.
Баҳром Сайдалиев и ещё 24
Комментарии: 17
Нравится

Комментировать