Модар шахсияти тамаддунсоз ва тарбиятгари насли башар аст. Ҳангоми калимаи модарро ба забон меорем, дилҳо пур аз ҳикмат ва саршори меҳру муҳаббати он мегардад. Таҳти калимаи модар маъниҳои бисёре нуҳуфта аст.

Аз ҳамин сабаб устод Мирзо Турсунзода ба монанди дигар шоирон дар васфу ситоиши бузургии зан-модар шеърҳои зиёде эҷод кардааст. Ӯ занонро бо камоли назокат ва самимият ҳурмат мекард ва чун инсони комил васфашон менамуд. Мавзӯи асосии ашъори лирикии Мирзо Турсунзодаро ситоиши ишқу муҳаббат, ҳусну ҷамол, олами зебоӣ, маънавӣ ва ахлоқи ҳамидаи ҷинси латиф дар бар гирифтааст. Эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода бар замми дастоварди бузурги адабиёти муосири тоҷик ба шумор рафтан, инчунин сарвати маънавии ин миллати тамаддунофарро ҳамаҷониба ғанӣ мегардонад.
Зан набошад зебу зинат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Хулоса, ҳусну зебоии зан бо олами мураккаби ботиниаш дар маркази ин қабил шеърҳои устод Мирзо Турсунзода меистад. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои бузурги дар соҳаи адабиёт анҷомдода ва ҳамчунин соҳиби мероси пурғановати адабӣ будани Мирзо Турсунзодаро ба назар гирифта, соли 2011 устодро бо унвони баланди «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ намуд.
Марҳабо САИДОВА,
донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ. Фолклор
Возможно, это изображение (1 человек)
9
Комментарии: 7