Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати гузаронидани тақсимоти ниҳоии мутахассисон ва бо ҷойи кор ҷамъомад доир гардид, ки дар он Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳбуба Абдураҳмонова, мутаххасиси пешбари Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми ҶТ, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Ҷамшед Шукурзод, сардори Раёсати кадри ДДБ ва Диловар Ҷаборов, ҳуқуқшиноси донишгоҳ ва намояндагони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ибтидо Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ сухан карда, аз ҷумла баён намуд, ки тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон мутобиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2021”, “Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон аз 27-уми майи соли 2017, №262) тибқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моариф” барои ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории шакли таҳсили буҷавӣ, “Комиссияи тақсимоти фардии хатмкунандагон” барои зинаи “бакалавр” ва “мутахассис”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав амалӣ карда мешавад.
Дар идома Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муҳтавои тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ибрози назар намуданд.
Диловар Ҷаборов, ҳуқуқшиноси донишгоҳ зимни ворӯрӣ зикр кард, ки мутобиқи банди 8-и Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, маблағҳои хароҷотшуда ба тариқи суд рӯёнида мешаванд. Даъвои судӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин, мутобиқи банди 9-и қоида гуфта мешавад, ки бе пардохти маблағ диплом ба мутахассиси ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, вале тибқи роҳхат ба кор ҳозир нашудааст, дода намешавад.
Бино ба иттилои Ҷамшед Шукурзод, сардори Раёсати кадри Донишгоҳи давлатии Бохтар дар донишгоҳ 461 нафар хатмкунанда буда аз ин шумора 131 нафар тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд сафарбар мегарданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ
41
Комментарии: 11
Нравится

Комментировать