Барои равшан намудани моҳияти амнияти зеҳнӣ ва муайян намудани паҳлуҳои гуногуни он баъзе аз мафҳумҳои ҷудогона бояд баррасӣ карда шаванд. Пеш аз ҳама, худи мафҳуми «зеҳн» то андозае моҳияти амнияти зеҳниро ошкор менамояд. Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ мафҳуми «зеҳн» бо маъноҳои «фаҳм, ҳуш, идрок, зиракӣ ва ҳофиза» ифода карда шудааст.

Зеҳнӣ бошад мансуб ба зеҳн аст ва аз ин рў он ифодагари доноӣ, пешрафти тафаккур ва иқтидори ақлонӣ мебошад. Дар адабиёти илмии Ғарб дар ҷойи мафҳуми «зеҳн» мафҳуми ғарбии «интеллект» истифода мегардад. Ин мафҳум калимаи лотинӣ буда, маънояш «маърифат, дониш, ақлу идрок» мебошад. Ҳатто баъзе аз муҳаққиқон чунин мешуморанд, ки мафҳуми лотинии «интеллект» аз калимаи юнонии «нус» (ақл) тарҷума гардидааст.
Дар луғатномаҳои гуногуни илмҳои ҷамъиятӣ «интеллект» ё худ «зеҳн» чунин таъриф гардидааст: маҷмўи қобилиятҳои маърифатии инсон, ки таҷассумгари дараҷаи рушди тафаккури ўст ва имконияти дарёфти ҳалли масъалаҳои мураккабро имконпазир мегардонад. Рушди интеллект на танҳо аз рўи дониши инсон ва қобилияти дар хотир нигоҳ доштани он, балки аз рўи самаранокии истифодаи донишҳои ў низ баҳогузорӣ карда мешавад.
Ҳамин тариқ, таҳлили адабиёти илмӣ нишон медиҳад, ки мафҳуми «зеҳн» дар маъноҳои зерин фаҳмида шавад:
қобилияти ҳалли масъалаҳои мураккаб; қобилияти коркард ва таҳлили иттилоот;
қобилияти мустақилона аз худ намудани донишҳои нав;
раванди маърифатии ҳаёт; омили танзимкунандаи фаъолияти инсонӣ;
маҷмўи хислатҳои инсонӣ, ки фаъолияти фикрии инсонро таъмин менамояд.
Яке аз паҳлуҳои муҳимтарини соҳаи амнияти зеҳнӣ баланд бардоштани иқтидори зеҳнии мамлакат мебошад. Иқтидори зеҳнии мамлакат маҷмўи шароитҳое мебошад, ки дар самти расидан ба натиҷаҳои дилхоҳи илмӣ, техникӣ, технологӣ, маънавию маърифатӣ қобилияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатиро баланд мебардорад. Иқтидори зеҳнӣ аз унсурҳои ҷудогона иборат мебошад, ки онҳо дар якҷоягӣ системаи мукаммалро ташкил менамоянд. Сохтори иқтидори зеҳнии мамлакатро аз панҷ унсур иборат донистан мумкин аст:
1. Иқтидори кадрӣ. Ин навъи иқтидор ифодагари иқтидори эҷодӣ ва иқтидори созандаи иштирокчиёни меҳнати ҷамъиятӣ мебошад, ки ба воситаи синну соли муайян, ҷинс, дараҷаи касбият, таҷрибаи корӣ, хислатҳои ахлоқӣ, қобилиятҳои инсон ва ғ. баҳогузорӣ карда мешавад.
2. Иқтидори моддӣ-техникӣ. Ин навъи иқтидор дар асоси вазъияти инфрасохтори зеҳнӣ ва ба воситаи маҷмўи шароитҳои моддию техникии меҳнат муайян карда мешавад.
3. Иқтидори маърифатӣ. Ин навъи иқтидор имкон медиҳад, ки дар бораи ҷомеа ва табиат донишҳои нав ба даст оварда шавад ва кашфиётҳои илмии соҳаҳои дахлдор саривақт ошкор гардида, дар соҳаи истеҳсолот мавриди истифода қарор дода шаванд. Инчунин иқтидори маърифатӣ ба майдони озмоишие монанд аст, ки дар он кашфиётҳои нави илмӣ ба амал меоянд ва фаъолиятҳои интеллектуалӣ анҷом дода мешаванд.
4. Иқтидори иҷтимоию иттилоотӣ. Ин навъи иқтидор ифодагари қобилиятҳои ҷамъиятӣ мебошад ва он имкон медиҳад, ки ҷомеа ба моҳияти дастовардҳои илму техника сарфаҳм раванд, мақсади ба вуҷуд омадани онҳоро донанд ва дар соҳаҳои дахлдор ҳангоми пешбурди фаъолияти ҷамъиятӣ қисме аз онҳоро истифода баранд. Рушди чунин иқтидор ба воситаи системаи маориф, системаи таълим, самаранокии фаъолияти зеҳнӣ ва системаи иттилоотии мамлакат муайян карда мешавад.
5. Иқтидори ҳуқуқию ташкилӣ. Сохторҳои мушаххаси дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ фаъолияткунанда, маҷмўи меъёрҳои ҳуқуқие, ки фаъолияти зеҳнии одамонро ба танзим медароранд, роҳу усулҳои идора намудани истифодабарии иқтидори зеҳнии мамлакат. Бояд гуфт, ки зерсистемаи мазкур ҳамаи унсурҳои дар боло номбаршударо бо ҳам алоқаманд гардонида, рушду инкишоф ва дар амал татбиқ гардидани онҳоро таъмин менамояд.
Бинобар ин, бо назардошти таҳлили мазмуни мафҳумои боло гуфтан мумкин аст, ки амнияти зеҳнӣ ин ҳолати ҳимоятшавандагии иқтидори ақлии ҷомеа, марҳила ба марҳила баланд бардоштани нишондодҳои он, эмин нигоҳ доштани ин соҳаи амният аз таҳдиду хатарҳои гуногун мебошад. Аммо таҳлили адабиёти илмӣ нишон медиҳад, ки нисбат ба моҳияти амнияти зеҳнӣ андешаи ягона вуҷуд надорад. Муҳаққиқони гуногун бо назардошти паҳлуҳои мухталифи ин масъала мазмуну мундариҷа ва хусусиятҳои онро шарҳ додаанд.
Бе шакку шубҳа ҳолати ҳимоятшавандагии амнияти зеҳнии мамлакат ба воситаи иқтидори илмӣ ва манбаҳои илмии мамлакат муайян карда мешавад. Дар ин самт миқдори олимони асил ва дараҷаи омодагии касбии онҳо, коршоямии намояндагони зеҳнияти илмӣ, олимони аз рўи ихтисоси худ фаъолияткунанда ва мутахассисони аз рўи касби худ ба меҳнати ҷамъиятӣ сафарбаргардида нишондодҳои асосии амнияти зеҳнӣ (амнияти илмӣ) ба шумор мераванд. Роҷеъ ба ин масъала Қурбонов А.Ш. иброз медорад, ки «илм, дар маҷмўъ бунёди мафҳуми «амният»-ро ташкил медиҳад ва бинобар ин, масъалаи муҳоҷирати неруҳои зеҳнӣ аз кишварро наметавон бе дахолат ба масоили амният ва нақши он дар истиқлоли миллӣ таҳқиқу арзёбӣ намуд».
Амнияти зеҳнӣ ба монанди амнияти миллӣ омилҳои дохилӣ ва берунӣ дорад ва асоси онро се масъалаи бо ҳам алоқаманд ташкил менамоянд: манфиатҳои зеҳнӣ, таҳдидҳои зеҳнӣ, ҳимояи манфиатҳои зеҳнӣ.
Таҳдидҳо ба амнияти зеҳнӣ метавонанд ҳам дохилӣ ва ҳам берунӣ бошанд. Яъне ба амнияти зеҳнии мамлакат шарту шароит ва омилҳое мавҷуданд, ки ҳам аз дохил ва ҳам аз берун таҳдид менамоянд ва ҳимояи манфиатҳои зеҳниро, ки дар боло номбар гардид, дар аксар маврид ғайриимкон мегардонанд. Фаъолиятҳои шахсони алоҳида ва муассисаву ташкилотҳое, ки истифодаи самараноки зеҳнияти илмиро коҳиш медиҳад, дар маҷмўъ таҳдидҳои дохилии ин соҳа муаррифӣ мегарданд. Ба сифати таҳдидҳои хориҷӣ фаъолияти давлатҳои алоҳида ва ташкилотҳои фаромиллие фаҳмида мешавад, ки онҳо мутахассисони варзидаи ватаниро ба ҷониби худ ҷалб менамоянд ва ё ҳадафмандона дастовардҳои илмию техникии дигаронро нодида мегиранд. Гуфтаҳои боло ифодаи умумии таҳдидҳои соҳаи амнияти зеҳнӣ мебошад. Аммо ба таври муфассал таҳлил гардидани таҳдидҳои ин соҳа омилҳои гуногунеро пеши назар меоваранд. Айни замон чунин шароитҳо ва омилҳо метавонанд ба амнияти зеҳнии мамлакат таҳдид намоянд:
– ба таври моддию маънавӣ қадршиносӣ нагардидани меҳнати олимон ва мутахассисони касбу кори гуногун;
– камаҳамият гардидани меҳнати фикрӣ ва фаъолияти илмӣ;
–дур шудани ҷавонон аз фаъолияти илмӣ ва забономўзиву донишандузӣ;
–паст гардидани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ (рисолаҳои бакалаврию магистрӣ, рисолаҳои номзадию докторӣ);
– аз рўи ихтисоси худ фаъолият накардани мутахассисон;
– фирори мағзҳо ё худ муҳоҷирати зеҳнҳо;
–пиршавии мутахассисон, норасогии кадрҳои илмӣ ва кадрҳои баландихтисос;
Шароитҳои мазкур таҳдидҳои амнияти зеҳнӣ ба шумор рафта, ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат зарари хеле калон мерасонанд. Ҷуброн намудани зиёни таҳдидҳои соҳаи амнияти зеҳнӣ муддати хеле тўлониро тақозо менамоянд.
Исозода Тоҷиддин Исо,
дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ
Возможно, это иллюстрация