Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз…” имсол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардида, дар он донишҷӯёни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар Олимпиада донишҷӯён аз рӯйи 14 фанни таълимӣ сабқат намуда, донишсанҷӣ намуданд.
Пас аз кори комиссияи аппелятсионӣ натиҷаҳои озмун эълон шуд. Мувофиқи натиҷаи кори комиссия аз миёни 400 нафар донишҷӯ – Фархунда Шодиева, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи 2-юм, Собирҷон Чоршанбиев, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси химия ва биология аз фанни химия ҷойи 3-юм, Озодамоҳи Неъматулло, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ аз фанни педагогика ҷойи 3-юм, Муборакшоҳ Қодиров, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ аз фанни сиёсатшиносӣ ҷойи 3-юм, Мавҷуда Саидова, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ аз фанни фалсафа ҷойи 3-юм ва Наҳтулло Давлатов, донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси таъриху фарҳангшиносӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик ҷойи 3-юмро соҳиб шуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
и ещё 2
 
 
75
Комментарии: 50
 
Нравится
 

 
 
Комментировать