Инсон ва табиат бо ҳам алоқамандии зич доранд ва мушкилоти он низ ба ҳамдигар тавъам аст. Инсон аз азал бо табиат муносибати наздик дошта, неъматҳои онро чун манбаи ҳастӣ барои зиндагии хеш истифода мебурду мебарад.

Ҳар давру замон ҷаҳонбинӣ, дониш, таҷриба ва шароити худро дорост ва ҷаҳонбинии мо мувофиқи замону шароит тағйир меёбад, аммо давраҳои тағйироти куллии тараққиёти инсоният вуҷуд дорад, ки имрӯз мо ҳамин давраро аз сар гузаронида истодаем.
Мо ояндаро ба таври куллӣ пешгӯӣ карда наметавонем, аммо тағйироти дар муҳити атроф бударо таҳлил карда, то ҳадди имкон тасаввур кардан метавонем. Баробари тараққиёти техникаҳои ҳозиразамон, таъсири инсон ба муҳити атроф кам неву баръакс зиёд мешавад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, боз инсон худ низ бевосита зарар мерасонд. Ин гуна ҳолатҳо дар ҳар қадами зист мебошад, ки ин бевосита ҳам ба инсон, ҳам ба табиат зарари худро мерасонад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “тозагӣ гарави саломатӣ аст”. Аммо, мутаассифона, на ҳама ба ин қоида риоя мекунад.
Дар ҷойҳои сайругашт, аз ҷумла боғҳои фароғатӣ, ҷойҳои таърихи ва фаввораҳо бо вуҷуди мавҷуд будани қуттиҳои партов шаҳрвандон чизи дар даст доштаашонро ба қутӣ неву ба замин мепартоянд.
Бояд донем, дар кадом ҳолате, ки набошем ва ҳар куҷое, ки қадам мегузорем ва ифлос мекунем, он ҷо хонаи мост. Буҳуда нагуфтаанд, ки “табиат хонаи мост”.
Набояд фарӯмош кард, ки табиат системаи мураккабест, ки ҳамаи узвҳои он андар инкишофи пай дар пай буда, бо ҳам зич алоқаманд ва ба якдигар таъсир мерасонанд. Ифлосшавии муҳити зисти як маҳал ба маҳали дигар бетаъсир намемонад. Ҳаёт, зиндагӣ ва кору бори ҳар як фарди ҷомеа бо табиат зич вобаста аст. Ҳолати хуби муҳити зист ҳам ҳаёти осоишта ва ҳам саломатию саодати баланди ҳар як шахс мебошад.
Вақте ки мо аз табиат об, ҳаво, хӯрок ва манбаъҳои моддиро мегирем ва дар фаъолияти ҳаррӯзаамон истифода мебар, бояд ҳифзи онро низ аз хотир набарорем. Бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар ободии табиат саҳмгузор бошем.
Возможно, это изображение (текст)