Имрӯз аз ҷониби Қурбоналӣ Гулов, декани факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ду нафар донишҷӯи факултет, ки дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз…” сазовори ҷойи сеюм гардида буданд бо туҳфаҳо сарфароз гардонид.

Дар Олимпиада Озодамоҳи Неъматулло, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ аз фанни педагогика ҷойи 3-юм ва Мавҷуда Саидова, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ аз фанни фалсафа ҷойи 3-юмро соҳиб шуданд.