Ростӣ, бароям бисёр аҷиб аст: Боварам намеояд, ки ман замоне донишҷӯ будам. Рӯзе, ки аввалин қадамҳои худро ба остонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба курси якум дар факултети менеҷмент ва низоми гумрук қабул шудам ҳеҷ аз хотирам фаромӯш намешавад. Барои ман баринҳо он рӯз рӯзи хосе буд, пур аз эҳсосоту ҳайяҷон шиносои бо донишгоҳ, ҳамкурсон ва устодон.

Вақте, ки вориди саҳни донишгоҳ шудам ҳамон эҳсосоту ҳайяҷон даҳчан зиёд шуд. Онҷо ба мисли ман зиёд буданд нафароне, ки чунин ҳолатро доштанд. Он рӯз шодии мо – донишҷӯён ҳадду канор надошт. Охир шахс чи гуна метавонад он рӯзе, ки нахустин қадамҳои худро ба донишгоҳ гузоштааст ва бо ана ҳамин нахустин қадам соҳиби ҳамкурсон ва устодони беҳтарин гаштааст фаромӯш созад.
Ана ҳамин чаҳор сол паси як миз нишаста таълим гирифтан ва бо ҳамин муносибати дустонаву бародарона доштан маҳз аз ҳамин рӯз оғоз гашта буд. Вақт, чи гуна мегӯзарад кас дар ҳайрат мемонад! Ман чи гуна ин даргоҳро хатм кардам худ ҳайронам! Ҳамеша бо ёди ин даргоҳ бо ҳамкурсони азизу устодони меҳрубонам ҳастам. Хештаншиносӣ, Ватандӯстӣ меҳанпарастӣ сулҳӯ ваҳдатхоҳӣ, одоби муоширату рафторо аз ҳамин даргоҳ омӯхтам, чи гуна метавонам ин даргоҳро форомӯш созам. Ҳамеша ба ёди ана ҳамин даргоҳи муқаддас, ҳамкурсони азиз ва рӯзҳои хуби донишҷӯи ҳастам.
Мурод Аҳмадзода,
хатмкунандаи факултети менеҷмент ва низоми гумрук
Возможно, это изображение (29 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)