Инсон ҷузъӣ табиат ба ҳисоб рафта, таъсиррасонии ӯ ба муҳити зист нисбат ба дигар узви табиат бештар ба назар мерасад. Омӯзишу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол вазъи муҳити зист дар сайёра мураккабу печида гардида, дар ин самт паёмадҳои ногувор низ зиёд шуда истодаанд, ки ин падида олимону коршиносони соҳаро нигарон намудааст.

Баланд бардоштани маърифати экологии сокинон яке аз василаҳои муҳимми пешгирикунанда аз таъсиррасонии манфӣ ба ҳифзи муҳити зист арзёбӣ мешавад, ки ба ин ҷиҳати масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Агар имрӯз мо барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист тадбирандешӣ накунем, фардо ба ҳаёти худ мушкилиҳои зиёдеро ба вуҷуд меорем, ки ҳалли онҳо торафт мушкил мегардад.
Қайд намудан зарур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи пешгирии таъсиррасонии манфӣ ба табиат тадбирҳои муҳиммеро рӯйи кор гирифта, дар ин самт як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, Консепсияву Барномаҳои давлатӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» (2 августи соли 2011) аз ҷумлаи муҳимтарин санади ҳуқуқиест, ки муносибати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро бо муҳити зист муайян мекунад.
Дар моддаи 44 қонуни мазкур «Талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо» зикр ёфтааст, ки донистани он барои ҳар кадоми мо муҳим мебошад. «Корхона, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки оид ба риояи низоми технологӣ ва иҷрои талаботи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ ва солимгардонии муҳити зист тадбирҳои самаранок андешанд.
Корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар асоси кори самараноки иншоотҳои партовтозакунӣ, таҷҳизот ва воситаҳои назорат, безараргардонӣ ва истифодаи партови мустаъмал, гузаштан ба технология ва истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ бехавф меъёрҳои муқарраршудаи сифати муҳити зистро риоя мекунанд, оид ба ҳифз ва барқароркунии маҳсулнокии системаҳои экологии табиӣ, ҳифзи замин, хок, сарватҳои қаъри замин, об, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот ва барқарорсозии захираҳои табиӣ тадбирҳо меандешанд».
Мутаассифона имрӯз муносибат ба ҳифзи муҳити зист дар сатҳи паст қарор дора два ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ низ пайваста тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд.
Дар воқеъ, дар баробари бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, вусъат ёфтани низоъҳои геопалитикӣ, фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, гирифторшавии сокинон ба бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим, гармшавии аз меъёр зиёд, босуръат обшавии пиряхҳо, ба вуҷуд омадани ярчу обхезӣ ва монанди ин мушкилиҳо кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳониро нигарон намудааст. Муҳаққиқону донишмандони соҳаи ҳифзи муҳити зист борҳо таъкид намудаанд, ки сабаби асосии дигаргуншавии боду ҳаво аз таъсири манфӣ расонидани инсон ба табиат мебошад.
Имрӯзҳо кишварҳои мутараққӣ тавассути фаъолияти корхонаҳои азим ба муҳити зист партовҳои зарарнок мепартоянд, ки ин ҳама ба дигаргуншавии боду ҳаво сабаб гардида, боиси ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои табиӣ гардида истодаанд. Чунин муносибати нодурусти мо инсонҳо ба вайроншавии экосистема гардида, ҳаёт дар рӯйи заминро зери хатар мебарад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ қайд намудаанд, ки бояд кишварҳои олам ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирии таъсиррасонии манфии инсоният ба муҳити зист тадбирҳои амалӣ андешида, дар ҳамоҳангӣ фаъолият намоянд.
Аз ҷумла, дар Паёми навбатии Пешвои миллат қайд гирдида буд, ки: «Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳми назаррас гузорад. Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст».
Зикр намудан зарур аст, ки ҳоло мутахассисон тавассути воситаҳои ахбори омма ва ташкили симпозиму конфронсҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаҳои ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуда, аз мардуми ҷомеа даъват ба амал оварда истодаанд, ки дар ин самт мусоидат кунанд. Дар ҳақиқат вазъи зудтағйирёбандаи иқлим моро водор месозад, ки таъсири худро ба муҳити зист камтар намуда, тадбирҳои манфиатбахш андешем. Хушбахтона, дар кишварамон Кумитаву Раёсат, шуъба ва комиссияҳои ҷамъиятии доимамалкунанда фаъолият доранд, ки дар ҳифзи муҳити зист нақши муассир доранд.
Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар яке аз мусоҳибаҳои худ сабабу омилҳои гармшавии аз меъёр зиёди ҳаворо қайд намуда, онро чунин шарҳ додааст: «Мутахассисон яке аз сабабҳои асосии гармшавии ғайримуқаррарии иқлимро ба пайдоиши омили нави иқлимӣ – ҷамъшавии (консентратсияи) бемислу монанди гази ангидриди карбон (СО2) ва метан дар атмосфера нисбат медиҳанд.
Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки гази ангидриди карбон (СО2) дар атмосфера бештар дар 40-50 соли охир хурӯҷ кард. Баландшавии якбораи ҳарорати ҳаво ба сӯхтани канданиҳои фоиданок ва аз байн бурдани ҷангалзор алоқаманд буда, аз сабаби он ки партови газҳоро дар муҳлати кӯтоҳ кам кардан имкон надорад, инсониятро гармшавии боз ҳам бештари ҳарорати ҳаво интизор аст.
Бисёр олимон сабабҳои гармшавии иқлимро офтоб ва тағйирёбии ҳарорат дар уқёнуси Ором медонанд. Вале ҳоло таъсири ҷамъшавии газҳои гулхонаӣ дар атмосфера нисбат ба радиатсияи офтобӣ 10 маротиба бештар аст». Барои пешгирии тағйирёбии иқлим ҳамагонро зарур аст, ки тибқи дастуру тавсия амал намуда, ба ин восита дар таъмини ҳифзи муҳити зист, ки асоси онро саломатӣ ташкил медиҳанд, саҳм гузоранд. Ба касе пӯшида нест, ки дар ин самт бунёди нерӯгоҳҳои обию барқӣ, коркарди партовҳои зараррасони корхонаҳои саноатӣ, шинонидани гулу бутта ва дарахтони ҳамешасабзу хуррам, тибқи меъёр истифода намудани об ҳангоми кишти маҳсулот дар замин ва амсоли ин ба манфиати кор буда метавонад.
Ҳамасола дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ ҳазорон нафар сокинони сайёра ба ҳалокат мерасанд, ки ин ҳолат ҳар кадоми моро ба андеша водор месозад то муносибати худро ба муҳити зист тағйир диҳем. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст дар ин самт барои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда бо бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ Созмони Миллалӣ Муттаҳид пешниҳодҳои судманд намуда, дар ин самт дар ҳудуди кишвар тадбирҳои судманд, ба монади сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист ва бунёди нерӯгоҳҳои обию барқии хурду бузургро ба роҳ мондааст, ки онҳо натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодаанд.
Ҳамасола дар кишвар «Рӯзи ҳифзи муҳити зист» ва дигар чорабиниҳои маърифатию экологӣ дар сатҳи баланд ташкилу баргузор карда мешаванд, ки дар ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунанд.
Сангимурод Шарифов,
номзади илмҳои филологӣ,
саромўзгори кафедраи рўзноманигории факултети филологияи тољики ДДБ ба номи Носири Хусрав
Саидумар Мирзомуродов,
ассистенти кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии донишгоҳ
Нет описания фото.