Имрӯз 9-уми июни соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинар-машварат дар мавзӯи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон, ассисентон, унвонҷӯён ва магистрон иштирок намуданд.

Нухуст, Ҷурабой Собиров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия меҳмононро хайрамақдам гуфт. Гуфта шуд, ки Раёсати донишгоҳ барои баргузор намудани чунин семинар-машварат ба ташаббускорони семинар миннатдории самимонаи худро изҳор менамояд.
Сипас, Ғайрат Дадабоев, сардори Раёсати бақайдгирии миллии тамғаҳои молӣ оид ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ, бақайдгирии миллии тамғаи молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, маҷмӯи ҳуқуқҳо барои бақайдгирии миллии тамғаи молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, инчунин бақайдгирии тамғаи молӣ дар кишваҳои хориҷӣ маълумоти муфассал ироа намуд.
Ҳамзамон, Баҳодур Назаров, сармутахассис-коршиноси Раёсати бақайдгирии милии тамғаҳои молӣ оид ба моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқҳои муаллиф, ихтироъ ва мафҳуму моҳияти он маълумоти муфассал дод. Ӯ бо такя ба фасли 5-уми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки: «Моликияти зеҳнӣ ин ҳуқуқҳои амволӣ ва (ё) ғайриамволии шахсӣ нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ) ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда мебошад». Ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ ба муаллифон имкон медиҳад, ки аз асари эҷоднамудаашон фоида ба даст оранд ё барои эҷоди он соҳиби сармоя гарданд. Ин ҳуқуқ дар моддаи 27 Эъломияи ҳуқуқи инсон сабт шудааст ва он ҳуқуқи ҳар як шахсро ба ҳифзи манфиатҳои ақлонӣ ва моддӣ таъкид менамояд.
Алтур Ҳаитов, сармутахассис-коршиноси Раёсати бақайдгирии милии тамғаҳои молӣ мафҳуми ихтироъро шарҳу тавзеҳ дода, зимнан гуфт, ки бидуни дар амал татбиқ кардани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муаллифон ва ихтироъкорон, ба муваффақият ноил шудан мушкил аст. Бинобар ин, ҳифзи моликияти зеҳнӣ пайваста мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Семинар –машварати мазкур то охири рӯз давом мекунад.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ