Имрӯз 11-уми июни соли 2021-ум дар толори Қасри фарҳангӣ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрӣ бо донишҷӯёни аз хориҷи кишвар таҳсилкунанда баргузор гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Абдураҳимзода Қудратулло, муовини ректор оид ба корҳои таълим, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбия, Икром Фатҳулоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, зикр намуд, ки дар раванди иҷроиши нақшаи Раёсати робитаҳои байналмилалӣ оид ба пешбурди корҳо, ки масоили робитаҳо, ҷалб, таълиму тарбияи донишҷӯёни аз хориҷи кишвар таҳсилкунандаро дар бар мегиранд.
Дар баробари ба таълим фаро гирифтани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, яке аз самтҳои фаъолияти ҳар муассисаи олии касбӣ хуб ба роҳ мондани робитаҳо бо хориҷи кишвар мебошад, ки ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва азхудкунии илмҳои муосир ва ғайраро дар бар мегирад.
С. Давлатзода, зимни суханрониии хеш бо донишҷӯён аз он изҳори қаноатмандӣ ҳосил намуд, ки донишҷӯён аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркманистон ба донишгоҳ дохил шуданд ва ин боиси ифтихор аст, ки аз муассисаи таҳсилоти олии кишвар донишгоҳи моро интихоб кардаанд.
Ректори донишгоҳ дар идомаи вохӯрӣ донишҷӯёнро барои риоя кардани талаботи ягонаи донишгоҳ, давомот дар дарсҳо ва интизоми намунавиро дар мадди аввал гузошт.
Дар давоми чорабинӣ ба 9 нафар донишҷӯёни хориҷӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи мутаҳидаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Баъдан аз ҷониби дастаи «Леваканд»-и донишгоҳ бо барномаи рангини консертӣ иборат аз рақсу суруд ва шеърхонӣ намоиш дода шуд, ки басо ҷолибу диданӣ буд
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ

Комментировать