Мо- тоҷикон санаҳои гуногунеро дар таърихи навини давлатдории худ таҷлил мекунам ва яке аз чунин санаҳо санаи ба имзо расидани сулҳ дар байни намояндагони давлат ва мухолифини вақти давлат мебошад, ки дар санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба вуқӯъ пайваст.

Пас аз ҷанги таҳмилӣ ва давраҳои зиёди музокирот дар байни намояндагони давлат ва мухолифини вақт дар санаи 22 июни соли 1997 созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид. Ин созишнома оғози ба ҳам омадани тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ва шурӯи ободкориҳо буд. Соли равон аз ин санаи пурифтихор 24 сол пур мешавад. Дар ин муддати барои таърих на он қадар тӯлонӣ мо тавонистем ба дастовардҳои хеле назаррасе ноил шавем. Тоҷикистонро бештар аз 190 кишвари дунё ба расмият шинохтанд.
Чаҳор адад пешниҳодҳои Тоҷикистон аз тарафи бонуфузтарин созмони байналмилалӣ, Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта ва қатъномаи дахлдор қабул карда шуд. Бо ақди созишномаи сулҳ тоҷикон тасбит намуданд, ки миллати ҷангҷӯ нестанд, балки сулҳхоҳу сулҳпарвар мебошанд. Ҷаҳониён дар тааҷҷуб монданд, ки чи тавре мо тоҷикон тавонистем сарфи назар аз мушкилоти зиёде ба сулҳ бирасем. Охир хелеҳо ба сулҳу ваҳдат дар байни тоҷикон боварӣ надоштанд.
Аммо хиради азалӣ дастболо шуд, равшанӣ бар торикӣ пирӯз шуд ва мо тоҷикон ба сулҳ расидем, ки дар ин амр нақши фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳамто мебошад.
Аз ин рӯ, мо ҳар сол ин санаи таърихиро бо шукуҳу шаҳомати хеле калон таҷлил мекунем ва гузаштаро ба ёд оварда ба ҷавононе, ки он рӯзҳои тираю торро надидаанд, таъкид мекунем, ки ин дастовардро мисли гавҳаркаи чашм нигоҳ доранд ва ба қадри ин меваи шаҳдбор, яъне сулҳу субот бирасанд ва нагузоранд, ки нохалафе осмони софу беғубори моро тираю тор созад.
Мо ҳамагон хуб медонм, ки Тоҷикистон дар яке аз манотиқи ҳассостарини дунё, яъне дар Осиёи Миёна қарор дорад ва бо Давлати Исломии Афғонистон, ки бештар аз 40 сол аст, дар оташи ҷанги таҳмилию дохилӣ месӯзад наздик ба 1400 километр ҳаммарз мебошад. Ин нукта мо воро водор мекунад, рӯйи сулҳу субот ва амнияти кишвари зебову кӯҳистониамон бештар фикр кунем ва нагузорем, ки он даргирӣ ба кишвари мо низ нуфуз пайдо кунад.
Рӯзҳои охир вазъияти Афғонистан муташаниҷтар шудааст истодааст ва ин қазия мо ва давлатмардони моро водор мекунад, ки тамоми чораҳои заруриро биандеш, то марзу буми ватанамон дар сулҳу оромиш бимонад.
Аз ин рӯ, ҳамаи ҳамватанони азизро ба ин санаи таърихӣ табрику таҳният гуфта барои онҳо осмони софу беғубор ва сулҳи пойдорро таманно дорем.
Қурбон Гулов,
декани факутети педагогика ва варзиш
Возможно, это изображение (небо и текст)