Дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ даври сеюми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони”Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Ин маҳфил-озмун бо ибтикори Кумитаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир гардид. Зимни баргузории озмун Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Пас аз натиҷагирии даври сеюми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони”Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ Азизи Шарифхон, донишҷӯи курси 4-уми факутети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сазовори ҷойи якум гардид.