Имрӯз дар факултети физика бо иштироки Рустам Худоиназаров, мудири шуъбаи тайёрии донишгоҳ ҳисоботи солонаи Мурод Холмуродзода, декани факултети физика доир гардид, ки дар он мудирони кафедра ва омӯзгорони факултет иштирок доштанд.

Мурод Холмуродзода, декани факултети физика дар ҳисоботи худ қайд дошт, ки дар факултет ҳайати омӯзгорони ботаҷриба ба донишҷӯён таълим медиҳанд. Донишҷӯёни факултет дар чорабиниҳои дохили донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва вилояти фаъолона иштирок намуда, бо давомот ва интизоми намунавии худ пешсаф мебошанд. Илова бар ин, донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Дар солҳои мавҷудияти факултет кафедраҳои он баҳри мустаҳкам намудани базаи илмию методӣ, омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам бо дигар кафедраҳои макотиби олии кишвар ва берун аз ҷумҳурӣ алоқаи қавӣ барқарор кардааст.