Ба садои зиндагонӣ ҷур будӣ,
Аз ҳама дарду аламҳо дур будӣ.
Бо табассум дардро бинмуда пинҳон,
Бо ширингуфторият машҳур будӣ.
Рафти аз байни рафиқон,
Баъди худ кошона мондӣ.
Аз сухан қасре бисохтӣ,
Ёд аз худ хома мондӣ.
Чи ширин гуфтор мондӣ,
Ҷомаву дастор мондӣ.
Паи номуси ҷаҳонӣ,
Зокири номдор мондӣ.
Ту тавонисти рабоӣ,
Дили мардуми Худоро.
Паси рафтани ту гӯянд,
Ояти Каломуллоҳро.

Рӯҳат шод бод, устоди азиз!

Х. Ҳасанова,
мудири китобхонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (1 человек)