Имрӯз 24-уми июни соли 2021 дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз 24-уми июни соли 2021 №77 яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтарро ба номи Ҳасани Муродиён гузошта шуд.

Дар вазияти тантанави Қарори номгузории яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтар ба номи шодравон Ҳасани Муродиён ба писарашон Зокир Ҳасан аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин тақдиқдим карда шуд.
Зокир Ҳасан фарзанди Ҳасани Муродиён, дар назди ҳозирин баромад намуда сипоси зиёди хонавода, фарзандон, набегарон, дӯстону наздикон ва кулли хешовандонашонро барои чунин як ташаббуси наҷиб ва зиндаву поянда нигоҳдоштани фарзанди ин сарзамин ба роҳбарияти шаҳри Бохтар расониданд.

Шарҳи ҳол

Муродиён Ҳасан Ғуломзода 20-уми сентябри соли 1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Вахш мебошад. Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро соли 1979 ба итмом расонидааст. Дар вазифаҳои муаллими забон ва адабиёти тоҷик, ҷонишини директор ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 33-и ноҳияи Вахш ва баъдан саромӯзгор, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, ноиби ректор оид ба илм, декани факултети таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон кор кардааст. Аз соли 2008 то замони реҳлат ба ҳайси мушовири ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав ифои вазифа кардааст.

Осори илмӣ

Доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, муаллифи беш аз 35 рисолаи илмию методӣ, китобҳои дарсӣ ва омӯзномаҳо, аз ҷумла рисолаҳои «Забони хуни мо бояд шавад бедор» (Бохтар, 1992), «Маҳфили адабӣ – кишваршиносӣ» (Бохтар, 1996), «Такомули нутқи хонандагон зимни маводи кишваршиносӣ» (Душанбе, 1997), «Кишваршиносии адабии фориғ аз дарс» (Душанбе, 1997), «Кишваршиносии адабии тоҷик ва таълими ҳамгироӣ» (Душанбе, 1998), «Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин» (Душанбе, 1998), «Фурӯғи ирфони Вахшонзамин» (Душанбе, 2003), «Шаҳпари инсон» (Душанбе, 2003), «Фархундапай» (Душанбе, 2006), «Ифтихори ватандорӣ» (Душанбе, 2007), «Тоҷикистон. Шиноснома» (Душанбе, 2007), «Мазмун ва мундариҷаи маснавии Мирзо Абдулқодири Бедил «Фараснома» (Душанбе, 2008), «30 соли дирӯз ва имрӯзи ДДҚ» (Душанбе, 2008), «Тасвири ҳамбастагии инсон ва олами ҳайвонот (дар мисоли асп) дар адабиёти форсу тоҷик» (Душанбе, 2009), «Чиҳил соли азми синоӣ» (Душанбе, 2010), «Конь в пространстве персидско-таджикской литературы» (Душанбе, 2013), «Худомӯзи Қуръони маҷид» (Бохтар, 2013), «Расмулхати бобоӣ» (Душанбе, 2015), «Аз тамрин то тамкини сухан» (Душанбе, 2015), «Фолклори бачагонаи тоҷик» (Душанбе, 2015), «Саволномаҳои тестӣ аз фанни фолклори тоҷик (Бохтар, 2015), «Шуълаест, к-аз дуд фориғ» (Душанбе, 2016), «Шоистаи таҳсин» (Душанбе, 2016), «Кишваршиносии адабии тоҷик» (Душанбе, 2016), «ДДҚ ба номи Носири Хусрав – зодаи Истиқлолият» (Душанбе, 2016), «Ғафур Мулло. Соҳили дарёи дил» (Душанбе, 2016), «Ифтихори ватандорӣ. Китоби дарсӣ барои дарсҳои тарбиявии синфи 5» (Душанбе, 2016), «Саҳбо. Соғари Саҳбо» (Душанбе, 2018), «Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ» (Душанбе, 2018), «Ғафур Мулло. Булбул, бисаро» (Душанбе, 2018), «Шодмон Шерзод. Шамими субҳ» (Душанбе, 2018), “Шаст мақола”(Душанбе: Ирфон, 2019, 432 с.) ва зиёда аз 200 мақолаи илмию методӣ мебошад.

Дастовардҳои илмӣ

Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба таҳқиқи масъалаҳои кишваршиносии адабӣ, ки воситаи тарбияи ватандӯстии хонандагон маҳсуб мегардад, пардохтааст. Бо мақсади тарбияи ватандӯстии хонандагон барои муҳассилини синфҳои 3-4 ва 5 китоби дарсии «Ифтихори ватандорӣ» таълиф намудааст.
Мавзӯи тасвири ҳамгироии қисмати инсонро бо солори чаҳорпоён – асп аз аҳди қадим то имрӯз дар адабиёти форсӣ – тоҷикӣ пайгирӣ намудааст, ки яке аз пажӯҳишҳои арзишманди адабиётшиносӣ маҳсуб мегардад.
Аз муҳақиқонест, ки дар пажӯҳиши таърихи маорифи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии водии Вахш саҳми фарогир дорад.
Таҳти роҳбарии ӯ оид ба таърихи адабиёти тоҷик ва фолклор 1 нафар рисолаи докторӣ ва се нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Мукофоту ҷоизаҳо

Корманди шоистаи Тоҷикистон (2014, Душанбе), медали «Барои меҳнати шоён» (1978, Маскав, айёми донишҷӯӣ), Ҷоизаи умумииттифоқии ба номи Н.К. Крупская (1988, Маскав), Ҷоизаи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ (2016, Қӯрѓонтеппа), Муаллими методист(1988), Аълочии маорифи ҶТ(2000), Аълочии матбуоти ҶТ(2001), Аълочии фарҳанги ҶТ(2000).

Як умр муаллим

Барои дарёфти ҷойгоҳи хос дар дили садҳо тан ҳамватан солҳои мадид ва заҳмати шабонарӯзӣ лозим. Устод Ҳасани Муродиён, ки аз аввал то охири умр касби омӯзгориро интихоб карда буд, тавонист ба ин муроди худ зуд бирасад. Ӯ аз баҳри беканори донишу таҷрибаи андӯхтаи хеш ба садҳо ҷавонмард сабақи зиндагӣ омӯхту онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят кард. Шогирдонаш ҳоло дар ҳама арсаҳо заҳмат кашида, номи неки устодро пос медоранд.
Устоди зиндаёд Ҳасани Муродиён воқеан ҳам шахсияти бузурги миллат ҳаст. Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби он бузургест, ки фармуда:
Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.