Имрӯз дар факултети техникӣ ва технологӣ бо иштироки Диловар Ҷаборзода, ҳуқуқшиноси донишгоҳ, Кибриё Мирзозода, сардори Раёсати робитаҳои байналмилаӣ, Файзиддин Муродзода, декани факултет ва омӯзгорон ҳисоботи солонаи факултет доир гардид.

Нахуст, Файзиддин Муродзода, декани факултет баромад намуда дар назди иштирокчиён ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки соли 2009 факултети технология ва ташкили ҳаракати автомобилӣ ташкил карда шуд. Дар факултет ду кафедра -технологияи коркарди масолеҳҳо ва кафедраи ташкили ҳаракати автомобилӣ ва идоракунии сохтмон фаъолият менамоянд.
Дар кафедра озмоишгоҳҳои мошинолотҳо ва назарияи механизмҳо, технологияи коркарди матоъ, технологияи коркарди маҳсулоти хӯрока ва устохона оиди кандакорӣ дар чӯб ва коркарди металлҳо амал мекунанд.
“Донишҷӯёни факултет ба корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ ба таҷрибаомӯзӣ равона шуда, донишҳои назариявии дар донишгоҳ гирифтаи худро дар амал тадбиқ намуда, малака ва маҳорати амалиашонро ғанӣ менамоянд. Дар факултет гурӯҳҳои магистратура амал менамояд. Ба гурӯҳҳои магистрҳо омӯзгорони таҷрибадор дарс мегӯянд”, -зикр кард декани факултет.
Садорат, кафедраҳо ва омӯзгорони факултет барои беҳтар намудани шароити кории омӯзгорон ва илмомӯзии донишҷӯён пайваста мекӯшанд ва барои ташкил намудани озмоишгоҳҳои фаннӣ кӯшиш доранд.