Бо овоздиҳии якдилонаи вакилони дар конференсияи IX ҳисоботию интихоботии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ таъин шуд.
Конференсия масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар бораи фаъолият аз 17 апрели соли 2014 то 26 июни соли 2021 ва вазифаҳо барои давраи нави ҳисоботӣ, ҳисоботи Комиссияи назоратию тафтишотӣ, интихоби ҳайати нави Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ, интихоби раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ, интихоби Комиссияи назоратию тафтишотии иттифоқи касаба, интихоби комиссияҳои доимии назди Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ва интихоби вакилон ба Конференсия VI Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлонро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба ҳар яки он қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Сипас, ҳисоботӣ Маҳмадкарим Шарипов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ шунида шуд. Бодарназардошти хулосаҳои вакилон ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Вакилони конференсия, ҳайати нав, раиси Кумита, раиси Комиссияи назоратию тафтишотӣ, комиссияҳои доимии назди Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ва вакилон ба конференсияи ҳисоботию интихоботии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлонро интихоб намуданд.
Возможно, это изображение (1 человек, сидит, стоит, наручные часы и в помещении)