ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ КИТОБХОНА ВА МАРКАЗИ КОМПЮТЕРӢ ДАР ҲУДУДИ БИНОИ АСОСИИ ДДБ

Оғози ин сохтмон аз 8-уми май оғоз гардида корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта сохтмончиён то ба имрӯз пойдевори биноро омода намуда ба сохтмони бинои якум гузашта истодаанд. Бино аз ду ошёна иборат буда дорои таҳхона ва ҳар кадоме бо масоҳати 1300 метри мураббаъро ба нақша гирифтааст.  

Муфассал

ТАҚДИМИ ДУ АДАД МОШИНАИ ҶОМАШӮИ БАРОИ ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ ХОБГОҲ

Имрӯз 16-уми июли соли 2021 аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон барои донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд ду адад мошинаи ҷомашӯи тақдим карда шуд. Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои саҳмгузорӣ ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон изҳори минатдорӣ менамояд.

Муфассал

НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДОНИШГОҲ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАО

Имрӯз 16-уми июли соли 2021 дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар оғози нишасти хабарӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, зикр намуд, ки донишгоҳ яке аз бузургтарин маркази илму фарҳанг…

Муфассал

“АЗ ИН КОРИ ХАЙРИ ШУМО ДОИМ ЁД МЕОРАМ”,

-мегӯяд Тошматов Муҳиддин Қудратуллоевич, сокини ноҳияи Хуросон дар сипосномае, ки ба мо расид Ҳамин ҳоло сипосгузории Тошматов Муҳиддин Қудратуллоевич, маъюби гурӯҳи дуюм аз ноҳияи Хуросон, ки аз оби ошомиданӣ ва шустушӯ танқиси мекашид ба унвонии кормандони Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав расид. Ёдовар мешавем, ки Тошматов Муҳиддин Қудратуллоевич рӯзи 30-юми июни соли…

Муфассал