Имрӯз 16-уми июли соли 2021 дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

Дар оғози нишасти хабарӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, зикр намуд, ки донишгоҳ яке аз бузургтарин маркази илму фарҳанг мубаддал гашта, дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона бештар аз бист ҳазор нафар донишҷӯ аз 68 шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин далели боварӣ ва эътимоди мардум ба донишгоҳ мебошад.
“Айни замон дар донишгоҳ аз рӯйи 70 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Ҳайати профессорону номзадҳои илм ва омӯзгорон дар 12 факултет, 45 кафедра фаъолият менамоянд. Боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки имсол ДДБ ба номи Носири Хусрав аз рӯйи раддабандии Агентии назорати давлатӣ дар соҳаи маорифи назди Президенти ҶТ ба даҳгонаи аввал миёни МТОК-и ҷумҳурӣ ворид гардид”-афзуд Давлатзода Сайфиддин.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳайати кормандону омӯзгорони донишгоҳ беш аз 1000 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 20 нафари онҳо докторони илм, профессорон, бештар аз 150 нафар номзадҳои илм, дотсентон мебошанд. Дар 6 моҳи соли 2021 низ аллакай 14 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадии хешро дар шӯроҳои диссертатсионии бонуфузи ҷумҳурӣ сарбаландона дифоъ намуданд.
Зимни суханронии худ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ба хотири ҳавасмандӣ дар оғози соли 2021 маоши кормандони донишгоҳ вобаста ба унвон ва дараҷаи илмӣ аз рӯи як ҳиссаи корӣ аз суратҳисоби махсуси донишгоҳ 10% баланд бардошта шуд.
Гуфта шуд, ки имсол ба нимсолаи баҳории таҳсил аз 10 327 нафар 10 274 нафар донишҷӯён ба сессия роҳ дода шуданд. Баъд аз ҷамъбасти сессия сатҳи донишазхудкунӣ 95,4% ва сатҳу сифати таълим 29,9%-ро ташкил дод, ки нисбат ба сессияи зимистона сатҳи донишазхудкунӣ 9,3% зиёд мебошад.
Ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки имсол донишгоҳро 4844 нафар донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзонаву фосилавӣ (4645 бакалавр, 12 мутахассис, 187 магистр) хатм намуданд. Аз теъдоди хатмкунандагон 25 нафар (17 нафар рӯзона, 8 нафар фосилавӣ) тибқи пешниҳоди садорати факултетҳо барои гирифтани дипломи аъло пешниҳод карда шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 13 нафар зиёд мебошад. 482 нафар донишҷӯёне, ки тариқи буҷавӣ донишгоҳро хатм намуданд, ҳамчун мутахассис ба ҷои кор бо роҳхат таъмин шуданд.
Дар 6-моҳаи соли равон бо ташаббуси раёсати донишгоҳ гурӯҳи корӣ аз ҳисоби устодони соҳибтаҷрибаи фанҳои забони русӣ таъсис дода шуд, ки онҳо барои таълими фанҳои химия, биология, физика, геометрия, математика, информатика, география дар гурӯҳи таълимашон бо забони русӣ, ки дар соли таҳсили равон таъсис ёфтаанд, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва барномаҳои фанниро таълиф, таҳия ва нашр намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат дар самти дастгирии ҷавонон ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо ин таъсиси бурсия ё квотаҳои президентӣ мебошад. Соли таҳсили сипаришуда дар донишгоҳ ҷамъ 571 нафар донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ таҳсил мекарданд, айни ҳол бошад 448 нафар донишҷӯён тариқи квотаи президентӣ (278 духтар, 170 писар) таҳсил доранд, 123 нафари онҳо (40 писар ва 83 духтар) донишгоҳро хатм намуда, тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми ҶТ барои ба ҷойи кор таъмин шудан ба маҳалли зисташон сафарбар гардиданд. Имсол низ дар асоси нақшаи муқарраршуда 130 нафар ҷавонон ба ҳайси донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳ қабул карда мешаванд.
Рӯзҳои 15-16 уми марти соли 2021 ҳайати профессорону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва забонҳои русиву англисӣ, ки аттестатсияро ҷамъбаст намудаанд, барои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониш барои такмили ихтисос гузаштан ҷалб гардиданд. 232 нафар омӯзгорон тибқи маълумоти раёсати таҳсилоти донишгоҳ барои супоридани аттестатсия пешниҳод гардида буданд, аз ин теъдод 46 нафарашон барои аз курси такмили ихтисос гузаштан тавсия дода шуданд.
Дар баробари ин, 51 нафар омӯзгорони фанҳои русиву англисӣ бо ҷалби омӯзгорони таҷрибадору унвондори Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон аз курси такмили ихтисос гузаштанд..
Кабинетҳои фаннӣ, синфхона ва озмоишгоҳҳои таълимӣ бо техникаи муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар ҷараёни дарсҳо ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Озмоишгоҳҳои донишгоҳ таҷдид шуда, аксаран дарсҳои амалӣ ва озмоишӣ дар озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ доир мешаванд. Дар доираи талаботи 20-солаи омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар 6-моҳаи соли ҳисоботӣ дар факултети химия ва биология ду озмоишгоҳи химиявӣ -биологӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз таъсис дода шуд.
Бо ташаббуси бахши тарбия дар донишгоҳ як қатор чорабиниҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронида шуданд, ки дар болоравии маърифати ҷавонон нақши муҳим доштанд.
Имсол корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯйи 40 самт сурат гирифт, ки зиёда аз 70 мавзӯъро дар бар мегирад. Олимону устодони донишгоҳ натиҷаи фаъолияти илмияшонро дар 983 номгӯйи кор, аз ҷумла 49 номгӯйи рисола, дастур, васоити таълимӣ ва барномаҳо, 188 номгӯйи мақолаҳо ҷамъбаст карданд ва дар конференсияҳои байналхалқиву ҷумҳуриявӣ 241 гузориш намуданд.
Соли таҳсили гузашта озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзҳои 13-14 марти соли 2020 баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёни донишгоҳи мо аз рӯйи 13 ихтисос ширкат намуда, як нафар сазовори ҷои дуюм ва 3 нафар ба Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шуданд.
Даври хотимавии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ рӯзҳои 28-29 майи соли равон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯйи 14 ихтисос ширкат намуда, 1 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 4 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Донишгоҳ дар соли 2021 бунёди маркази компютерӣ ва китобхонаи дуошёнаи дорои таҳхона ва ҳар кадоме бо масоҳати 1300 метри мураббаъро ба нақша гирифтааст, ки ба бунёди онҳо аллакай оғоз намудаанд.
Ба хотири таҳқиқу паҳӯҳиши пайвастаи магистрон, унвонҷӯён ва докторантон дар назди донишгоҳ Институти илмӣ-таҳқиқотӣ таъсис дода шуд, ки имрӯзҳо фаъолияти назаррас дорад. Дар заминаи институти илмӣ-таҳқиқотӣ «Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» ташкил карда шуд. Донишгоҳ ҷиҳати муаррифии «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ» рӯзҳои 12-13-уми марти соли равон Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Мақоми Мавлоно дар рушди адабиёти тоҷику форс» баргузор намуд, ки дар конференсияи мазкур зиёда аз 50 нафар донишмандону муҳаққиқон аз донишкадаю донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Ҳамчунин маводи иштирокчиёни конференсия дар шакли маҷмӯаи дастаҷамъӣ (200 нусха) ва ҷилди якуми ғазалҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо номи «Гузидаи –ғазалиёти Шамс» (200 нусха) аз хатти форсӣ ба кириллии имрӯза баргардон ва интишор гардид. Алҳол кормандони Марказ барои интишор намудани ҷилди 2-юми «Гузидаи –ғазалиёти Шамс» омодагӣ дида истодаанд.
Дар ин мудат 7 нафар барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаҳои номзадӣ бо мукофотпулии раиси вилоят қадршиносӣ шуданд. 7 нафар беҳтарин донишҷӯёни донишгоҳ гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. 15 нафар гирандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон, 8 нафар гирандаи стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикиистон ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ мебошанд. Дар донишгоҳ 50 маҳфил амал менамояд, ки ба онҳо зиёда аз 700 нафар донишҷӯён аъзо мебошанд.
Бояд таъкид намуд, ки раёсати донишгоҳ ба масъалаи иҷтимоии донишҷӯёни ятими кулл, дорои имкониятҳои маҳдуд ва камбизоат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар донишгоҳ 50 нафар ятими кулл дар гурӯҳҳои ройгон таҳсил мекунанд ва гирандаи стипендияи академӣ мебошанд. Инчунин барои онҳо имтиёзҳои гуногун (хобгоҳи ройгон, ҷалб ба марказҳои омӯзишӣ ва варзишӣ) муқаррар шудааст, ки онҳо аз он истифода мебаранд.
Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани қитъаи замини ба муассиса вобастаи мавзеи хоҷагии таълимӣ ва таҷрибавии “Зағиртут”, ки дар шаҳри Левакант ҷойгир аст, чораҷӯӣ намуда истодааст. Тазаккур бояд дод, ки дар мавзеи хоҷагии мазкур дар 3 гектари он боғ ташкил шудааст.
Имсол низ дар заминҳои мазкур кишти картошка гузаронида шуда, аз масофаи 2,5 километр хатти оби нӯшокӣ гузаронида шуд.
Дар донишгоҳ зиёда аз 200 нафар донишҷӯён аз хориҷи кишвар таҳсили илм менамоянд, ки аз ин шумора 145 нафарашон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2 нафар аз Ҷумҳурии Афғонистон ва 76 нафар аз Ҷумҳурии Туркманистон мебошанд. Айни замон донишгоҳ бо бештар аз 13 донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкориро ба имзо расонидааст.
Донишгоҳ бо сафоратхонаҳои Руссия ва Амрико ҳамкориро баҳри такмили забонҳои русӣ ва англисӣ ҷоннок намуда, аз оғози соли таҳсилӣ 2021 дар заминаи факултети забони англисӣ синфхонаи “Гӯшаи Амрико” ва дар факултети забон ва адабиёти русӣ маркази “Русский сентр” бо таъмини таҷҳизотҳои таълимӣ ва технологии муосир кушода шуд. Илова бар ин бо ташкилоти ғайри давлати «Good naihbor (Ҳамсояи хуб)» оид ба омӯзиши технологияи навинӣ муосир ва таъмини донишҷӯдухтарони маъюб бо кампиютерҳо шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст.
Дар асоси шартномаи тарафайн байни Донишгоҳи педагогии шаҳри Алтайи Федратсияи Руссия омӯзиши се барномаи забони русӣ бо тариқи онлайн ба роҳ монда шудааст, ки баъд аз анҷомрасидани ин омӯзишҳои онлайнӣ ба шуна-вандагон сертификат дода хоҳад шуд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Ҷом”-и ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба шоҳмот, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе миёни Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид, дастаи шоҳмотбозони донишгоҳ сазовори Ҷом ва ҷойи аввали мусобиқа гаштанд.
Бо ташаббус ва дастгирии КМИК-и донишгоҳ ҳар сол кормандон барои барқарор намудани саломатӣ ба истироҳатгоҳҳо фиристода мешаванд. Имсол 76 нафар кормандон ба осоишгоҳҳои қаламрави ҷумҳурӣ барои истироҳату табобат фиристода хоҳанд шуд. Ҳамчунин, 12 нафар фарзандони кормандони донишгоҳ ба лагерҳои истироҳатӣ равон карда шуданд.
Дар нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти донишгоҳ, дастоварди омӯзгорону донишҷӯён дар раванди таҳсилот ва камбудиву норасоиҳо суолу ҷавоб доир гардид.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ