Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021, таҳти №83 ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 12 марти соли 2021, таҳти №231 аз санаи 22 марти соли ҷорӣ иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ оғоз гардид.

Аз ин рӯ, бо истифодаи ваксинаи Moderna (ИМА) ваксинатсия бо гузаронидани ду маротиба ваксинаи мазкур бо фосила гузаронида мешавад. То санаи 2-юми августи соли ҷорӣ беш аз 100 нафар кормандони асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ваксинаро гирифтанд. Илова бар ин кормандони дигари донишгоҳ, ки айни замон дар рухсатии меҳнатӣ мебошанд дар муассисаҳои табобатии зисташон аз ваксинатсия гузашта истодаанд.
Дар донишгоҳ бунгоҳи тиббӣ тибқи талабот ҳуҷраҳои иммунизатсионии муваққатӣ ташкил карда шуданд ва бо маводҳои зарурӣ барои расонидани кумаки фаврии тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия таъмин гардиданд.
Гузаронидани донишҷӯён аз иммунизатсия дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст.
Маркази таҳлилӣ –иттилоотии ДДБ
Возможно, это изображение (текст «Vaccine moderna COVID-19 தnl»)
Посмотрите ресурсы о вакцинах в Центре информации о COVID-19.
Получить информацию о вакцинах