Ҳамасола 18-уми август – Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад, ки ин нишонаи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати ворисони Синои бузург мебошад.

Аз ин рӯ, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ду бунгоҳи тиббӣ таъсис дода шуда ба омӯзгорон ва донишҷӯёни ёрии аввалини худро мерасонанд. Кормандони бунгоҳи тиббӣ миёни донишҷӯён оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим пайваста маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
Яке аз кормандони бунгоҳи тиббии донишгоҳ Маҳбуба Сафарова, тули 16 сол ба ҳайси сарпарастори калони бунгоҳи тиббӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, зери роҳбарии Файзалӣ Назаров, мудири бунгоҳи тиббӣ кор намуда истодаанд. Дар баробари ин бонӯи хушгӯфтор Гулсифат Сафарова ва Бунафша Сангаҳмадова низ баҳри солимии ҳайати кормандон ва донишҷӯён камари ҳиммат мебанданд.
Аз ин рӯ, аз номи Раёсати донишгоҳ ба ҳайати кормандони Бунгоҳи тиббиро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти пуршарафу башардӯстонаашон барору комёбӣ орзумандем.