Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон вохӯрии устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯи “Роҳҳои муқовимат ба равияҳои экстремистӣ ва террористӣ дар ҷомеаи муосир” доир шуд.

Дар вохӯрии мазкурро Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба равияҳои иртиҷоӣ” – маърӯзачӣ мудири кафедраи търихи умумӣ, н.и.ф, дотсент Сафарзода Рустам, “Ҷавонон ва худогоҳии миллӣ” – маърӯзачӣ номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Ашӯрзода Ҷамшед ва “Нақш ва мавқеи ҷавонон дар пешгирии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ”- маърӯзачӣ омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Раҷабализода Самандар шунида шуд.
Дар охир музокираҳои озод сурат гирифт.
Маркази таҳлилӣ – иттилоотии ДДБ