Имрӯз 23-юми августи соли 2021 ба фонди китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав китоби “Маҷмӯи осор”-и муаллиф Р. Ҳ. Раҳимзода, ки тавзеҳот аз баромадҳои Пешво номгузорӣ шудааст тақдим гардид.

“Маҷмӯи осор”-и мазкур аз 30 қисм иборат буда оид ба масъалаҳои рушди иқтисодиёт, маориф, маданият, тандурустӣ, мудофиа, ахлоқ бахшида шудаанду дар баромад ва вохӯриҳои пурмазмуну пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардидаанд, ҷамъ оварда шудаанд.