Имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зиёда аз 100 ҳазор адад ниқоби тиббӣ ва 2 адад ҳароратсанҷӣ фосилавӣ тариқи ройгон супурда шуд.

Ин иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии бемории каронавируси нави COVID-19 мебошад.
Дар навбати худ аз номи Раёсати донишгоҳ барои кумаки хайрхоҳона ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон миннатдории худро мерасонад.